«Социал-Демократ» № 35, 12 декабри с. 1914

12.12.1914

Дар бораи ифтихори миллии великоросҳо

By | 20.03.2016

Ҳоло дар бораи миллат, дар бораи ватан чӣ кадар сухан меронанд, манаҳ мезананд, доду фарьёд мекунанд! Вазирони либерал ва радикали Англия, як тӯда публицистони «пешқадами» Франция (ки бо публицистони реакция комилан ҳамраъй баромадаанд), лаг-лаг қаламронҳои расмӣ, кадетӣ ва прогрессивӣ (то худи баъзе қаламронҳои халқчӣ ва «марксист»-и Россия — ҳама озодӣ ва истиқлолияти «ватан», бузургии принципи истиқлолияти миллиро ба ҳазор мақом мадҳ мекунанд. Сарфаҳм рафтан мумкин нест, ки дар ин ҷо маддоҳи худфурӯши Николай Ромапови ҷаллод ё маддоҳи золимони зангиёну бошандагони Ҳиндустон дар куҷо тамом мешаваду мещанини оддӣ, ки аз рӯи кундзеҳнӣ ё аз рун беиродагӣ «ба рафти ҷараён» шино мекунад, аз куҷо cap мешавад. Ба ин сарфаҳм рафта нишастан ҳам ҳоҷат нест. Дар пеши мо ҷараёни идеявии бисьёр васеъ ва бисьёр чуқуре истодааст, ки решаҳои он бо манфиатҳои ҷанобон помещикон ва капиталистони миллатҳои бузургдавлат басе маҳкам пайваста мебошанд. Ба пропагандаи идеяҳои барои ин синфҳо фоиданок ҳар сол даҳҳо ва садҳо миллион сӯм харҷ карда мешавад: ин осиён калонест, ки аз ҳама ҷо, аз шовинисти мӯътақид Меньшиков гирифта то шовинистони аз руи оппортунизм ё аз руи беиродагӣ шовинистшуда, Плеханов ва Маслов, Рубановнч ва Смирнов, Кропоткин ва Бурцев об мегирад.

Мо, социал-демократҳои великорус ҳам, кӯшиш карда мебинем, ки муносибати худро ба ин ҷараёни идеявӣ муайян кунем. Барои мо, ки намояндагони миллати бузургдавлати шарқи дури Европа ва қисми басе зиёди Осиё ҳастем, аҳамияти хеле бузурги масъалаи миллиро фаромӯш кардан номуносиб мебуд; — хусусан дар чунин мамлакате, ки онро ба таври ҳаққонӣ «зиндони халқҳо» меноманд; — дар чунин вақте ки маҳз дар шарқи дури Европа ва дар Осиё капитализм як қатор миллатҳои «нави» калону хурдро ба зиндагӣ ва ба шуурнокӣ бедор мекунад; — дар чунин моменте ки монархияи подшоҳӣ ба дасти миллион-миллион великороссҳо ва аҳли «миллатҳои ғайр» яроқ додааст, то ки як қатор масъалаҳои миллиро мутобиқи манфиатҳои шӯрои дворянинҳои муттаҳид1 ва Гучковҳою Крестовниковҳо, Долгоруковҳо, Кутлерҳо, Родичевҳо «ҳал кунад».

Оё ба мо, пролетарҳои бошуури великорус, ҳисси ифтихори миллӣ бегона аст? Албатта, не! Мо забони худ ва ватани худро дӯст медорем, мо аз ҳама зиёдтар дар болои он кор мекунем, ки оммаҳои меҳнаткаши он (яъне 9/10 аҳолии он)-ро ба дараҷаи ҳаёти бошууронаи демократҳо ва социалистҳо бардорем. Дидан ва ҳис кардани ин ки ҷаллодони подшоҳӣ, дворянинҳо ва капиталистҳо дар ҳаққи ватани хубу зебои мо чӣ ҷабру ситам, чӣ зулму бедодиҳо мекунанд, барои мо аз ҳама чиз аламноктар аст. Мо бо оп фахр мекунем, ки ин ҷабру ситамҳо дар муҳити мо, дар муҳити великорусҳо муқобилат дидаанд, ин муҳит Радищев, декабристҳо, революционерҳои разночинеци солҳои 70-умро ба майдон овардааст, синфи коргари великорус дар соли 1905 партияи революционии тавонои оммаҳоро ба вуҷуд овардааст, мужики великорус дар айни замон ба демократ шудан cap карда, поп ва помещикро сарнагун кардан гирифт.

Мо дар хотир дорем, ки чӣ гуна ним аср пеш аз ин демократи великорус Чернышевский, ки ҳаёти худро ба кори революция бахшидааст, гуфта буд: «миллати ҳақир, миллати ғуломон, аз боло то поён — ҳама ғулом»2. Ғуломони ошкор ва пардапӯшшудаи велпкорос (ғуломон нисбат ба монархияи подшоҳӣ) ба хотир овардани ин суханонро дӯст намедоранд. Лекин, ба фикри мо, ин суханон суханони муҳаббати ҳақиқӣ нисбат ба ватан буданд, муҳаббате, ки бинобар набудани рӯҳияи революционӣ дар байни оммаҳон аҳолии великорус пурғусса буд. Дар он вақт ин рӯҳияи революциони набуд. Акнун кам бошад ҳам, лекин ҳаст. Дили мо аз ҳисси ифтихори миллӣ пур аст, зеро миллати великорус низ синфи революциониро ба майдон овард, низ исбот кард, ки вай қобил аст ба инсоният на фақат погромҳои бузург, қатор-қатор дорҳо, зиндонҳо, гуруснагиҳон бузург ва сархамкунии бандаворонаи бузург дар пеши попҳо, подшоҳон, помещикҳо ва капиталистҳо, балки дар роҳи озодӣ ва дар роҳи социализм намунаҳои бузурги муборизаро ҳам нишон диҳад.

Дили мо аз ҳисси ифтихори миллӣ пур аст, ва маҳз аз ҳамин сабаб мо гузаштаи ғуломонаи худро (ки он вақт помещикони дворянин ба қасди бугӣ кардани озодии Венгрия, Польша, Эрон, Хитой мужикҳоро ба ҷанг мебурданд) ва ҳозираи ғуломонаи худро, ки ҳамон помещиков бо ёрии капиталистон Польша ва Украинаро бугӣ карданӣ, ҳаракати демократиро дар Эрон ва дар Хитой пахш карданӣ, шайкаи ба шаъни миллии великорусии мо нанговари Романовҳо, Бобринскийҳо, Пуришкевичҳоро қувватнок карданӣ шуда, моро ба ҷанг мебаранд, махсусан бад мебинем. Агар кас ғулом зоида шуда бошад, ин гуноҳи вай нест; аммо ғуломе, ки на фақат аз майли озод кардани худ даст мекашад, балки ғуломии худро ҳақ медонад ва обуранг медиҳад (масалан, буғӣ карда шудани Польша, Украина ва ҳоказоро «муҳофизаи ватани» великороссҳо меномад), ин гуна ғулом косалес ва разил аст, ки нисбат ба худ ҳисси қонунии қаҳру ғазаб ва нафрат пайдо мекунонад.

«Халқе, ки ба халқҳои дигар зулм кунад, озод буда наметавонад»3, ҳамин тавр мегуфтанд бузургтарин намояндагони демократияи собитқадами асри ⅩⅨ, Маркс ва Энгельс, ки муаллимони пролетариати революционӣ шудаанд. Мо, коргарони великорус ҳам, ки диламон аз ҳисси ифтихори миллӣ пур аст, дар ҳар сурате ки бошад, Великороссияи озод ва мустақил, соҳибихтиёр, демократӣ, республикавӣ ва сарбаландро мехоҳем, ки муносибаташро ба ҳамсояҳои худ на ин ки дар асоси прпнципи шаъни миллати бузургро пастзанандан крепостноии имтиёзҳо, балки дар асоси принципи инсонии баробарӣ созад. Маҳз барои он ки мо ҳамин тавр Великороссияро мехоҳем, мо мегӯем: дар асри ⅩⅩ, дар Европа (агарчи дар Европаи шарқидурӣ бошад ҳам) ба ғайр аз бо ҳама воситаҳои революционӣ мубориза кардан ба муқобили монархия, помещикон ва капиталистони ватани худ, яъне ба муқобили бадтарин душманони ватани мо, бо роҳи дигаре «ватанро муҳофиза кардан» мумкин нест; — барои великороссҳо, ғайр аз он ки хоҳони дар ҳар чи гуна ҷанг шикаст хӯрдани царизм бошанд, бо роҳи дигаре «ватанро мухофиза кардан» мумкин нест, ки ин шикаст барои 9/10 аҳолиӣ Великороссия камтарин офат аст, зеро царизм ба ин 9/10 аҳолӣ на фақат бо роҳи иқтисодӣ ва сиёсӣ зулм мекунад, балки онро ба зулм кардан дар ҳаққи халқҳои бетона омӯхта кунонда, ба рӯпӯш кардани нанги худ бо ҷумлапардозиҳои риёкоронаи гӯё ватандӯстона омӯхта кунонда, бо ҳамин онро вайрон мекунад, хор мекунад, бадном ва беномус мекунад.

Эҳтимол дорад, ба мо эрод шрифта гӯянд, ки ба ғайр аз царизм ва дар зери қаноти он қувваи дигари таърихӣ, яъне капитализми великорус ба вуҷуд омада ва мустаҳкам шудааст, ки вилоятҳои бузургро аз ҷиҳати иқтисодӣ марказнят дода ва бо ҳам якҷоя намуда, бо ҳамин кори прогрессивне мекунад. Аммо ин гуна эрод социалистон-шовинистони моро сафед накарда, балки боз ҳам бештар гунаҳкор мекунад, ки онҳоро социалистони подшоҳӣ-пурешкевичӣ номидан лозим буд (чунон ки Маркс лассаль-чиёнро социалистони королӣ-пруссӣ номида буд)4. Ҳатто фарз кунем, ки таърих масъаларо ба нафъи капитализми великорусии бузургдавлат бар муқобили саду як миллати майда ҳал хоҳад кард. Ин номумкин нест, зеро тамоми таърихи капитал таърихи ҷабру зулм ва ғоратгарӣ, хунрезӣ ва касофат мебошад. Мо ҳам асло тарафдори ҳатман майда будани миллатҳо нестем; мо бешубҳа, дар шароитҳои дигари баробар, тарафдори марказиятьёбӣ ва муқобили идеали мещанин муносибатҳои федеративӣ мебошем. Лекин ҳатто дар ҳамин маврид ҳам, аввалан, ба Романов—Бобринский—Пуришкевич дар буғӣ кардани Украина ва ҳоказо мадад кардан кори мо нест, кори демократҳо нест (мо ҳоло дар бораи социалистҳо гап намезанем). Бисмарк ба таври худ, ба таври юнкерӣ, кори прогрессивии таърихие карда буд, аммо он «марксисте», ки дар ҳамин асос ба Бисмарк мадад расондани социалистонро ба дурустӣ бароварданӣ мешуд, аҷаб «марксисте» мебуд! Илова бар ин Бисмарк немисҳои парокандаро, ки ба онҳо халқҳон дигар зулм мекарданд, муттаҳид кунонда, ба тараққии иқтисодӣ мадад мекард. Равнақи иқтисодӣ ва тараққии тези Великороссия бошад, талаб мекунад, ки мамлакат аз зулму ситами великороссҳо дар ҳақки халқҳои дигар озод карда шавад — ин фарқро мухлисони қариб — Бисмаркҳои ҳақиқии русии мо фаромӯш мекунанд.

Сониян, агар таърих масъаларо ба нафъи капитализми великорусии бузургдавлатӣ ҳал кунад, пас аз ин ҷо чупин хулоса мебарояд, ки роли социалистии пролетариати великорус, ҳамчун ҳаракатдиҳандаи асосии революцияи коммунистӣ, ки ин революцияро капитализм тавлид мекунад, боз ҳам бузургтар мешавад. Барои революцияи пролетариат бошад, коргаронро муддати дуру дароз дар рӯҳи баробарӣ ва бародарии миллии комилтарин тарбия кардан зарур аст. Бинобар ин, аз нуқтаи назари манфиатҳои маҳз пролетариати великорус, тарбияи дуру дарози омма дар маънои аз ҳама қатъитар, босуботтар, ҷасуронатар, революционитар муҳофиза кардани баробарҳуқуқии комил ва ҳуқуқи худмуайянкунии ҳамаи мпллатҳои дар зери зулми великорусҳо будагӣ зарур аст. Манфиати ифтихори миллии (на ба таври навкорона фаҳмидашудаи) великороссҳо бо манфиати социалистии пролетарҳои великорус (ва ҳамаи дигар пролетарҳо) мувофиқ меояд. Барои мо Маркс намунаи ибрат шуда мемонад, ки даҳҳо сол дар Англия зиндагӣ карда, ниманглис шуда буд ва ба манфиати ҳаракатӣ социалистии коргарони англис озодӣ ва истиқлолияти мпллпп Ирландияро талаб мекард.

Шовинистони ношуди социалистии мо, Плеханов ва дигарон бошанд, дар он мавриди охирин ва эҳтимолие, ки мо аз назар гузарондем, на фақат хоинони ватани худ, хоинони Великороссияи озод ва демократӣ, балки низ хоинопи бародарии пролетарии ҳамаи халқҳои Россия, яъне хоинони кори социализм шуда мебароянд.

Примечания
  1. Шӯрои дворянинҳои муттаҳид — ташкилоти контрреволюционии помещикони крепостник, ки дар моҳи май соли 1906 дар съезди якуми вакилони ҷамъиятҳои губерниягии дворянинҳо ба расмият даромад ва то моҳи октябри соли 1917 вуҷуд дошт. Ҳимояи сохти мутлақа, заминдории калони помещикӣ ва имтиёзҳои дворянинҳо мақсади асосии ин ташкилот буд. Ба Шӯрои дворянинҳои муттаҳид граф А. А. Бобринский, князь И. Ф. Касаткина-Ростовский, граф Д. А. Олсуфьев, В. М. Пуришкевич ва дигарон роҳбарӣ мекарданд. Ленин Шӯрои дворяшшҳоп муттаҳидро «шурои крепостникҳои муттаҳид» номида буд. Шӯрои дворянинҳои муттаҳид дар асл ба органи нимҳукуматие табдил ёфт, ки ба ҳукумат тадбирҳои қонунгузории ҳимоякунандаи манфиатҳои крепостникҳоро амр мекард. Бисьёр аъзоёни Шӯрои дворянинҳои муттаҳид ба Шӯрои давлатӣ ва ба марказҳои роҳбарикунандаи ташкилотҳои сиёҳгурӯҳи дохил буданд.
  2. В. И. Ленин аз романи И. Г. Чернышевский «Ибтидо» иқтибос меоварад (И. Г. Чернышевский. Куллиёт, ҷ. 13, с. 197).
  3. Ф. Энгельс. «Адабиёти муҳоҷирӣ» (ниг. К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асарҳо, нашри 2, ҷ. 18, саҳ. 509).
  4. Ниг. К. Маркс ва Ф. Энгельс. Мактубҳои мунтахаб. 1953, саҳ. 166.

Leave a Reply