Шабаҳе дар Европа гаштааст — шабаҳи коммунизм. Ҳамаи қувваҳои Европаи кӯҳна: папаю подшоҳ, Меттерниху Гизо, радикалҳои французу, полицайҳои немис барои ба номи илоҳӣ таъқиб кардани ин шабаҳ муттаҳид шудаанд.
Куҷост он партияи оппозиционӣ, ки муқобилони дар сари ҳокимият истодааш вайро партияи коммунистӣ гуфта бадном накунанд? Куҷост он партияи оппозиционӣ, ки вай ҳам ин таънаи доғгузорандаи тарафдори коммунизм буданро чи ба сари намояндагони пешқадамтари оппозиция ва чи ба сари муқобилони реакционии худ боз ҳавола накунад?
Аз ин ҳақиқат ду хулоса мебарояд.
Коммунизмро ҳоло ҳамаи қувваҳои Европа қувва медоданд.
Вақти он расидааcт, ки коммунистон ақидаҳои худ, мақсадҳои худ, майлҳои худро дар пеши тамоми аҳли олам рӯйрост баён кунанд ва ба афсонаҳо дар бораи шабаҳи коммунизм манифести худи партияро муқобил гузоранд.
Бо ҳамин мақсад коммунистони миллатҳои гуногун дар Лондон ҷамъ омаданд ва «Манифести» зеринро тартиб доданд, ки он ба забонҳои англисӣ, французӣ, немисӣ, италиявӣ, фламандӣ ва даниягӣ чоп мешавад.
Ⅰ. Буржуаҳо ва пролетарҳо
Таърихи ҳамаи ҷамъиятҳое, ки то ҳоло вуҷуд доштанд, таърихи муборизаи синфҳо буд.
Озод ва ғулом, патриций ва плебей, помещик ва крепостной, усто ва шогирдаш, хулоса золим ва мазлум нисбат ба якдигар дар антагонизми доимӣ буданд, муборизаи пай дар паи гоҳ пинҳонӣ ва гоҳ ошкор мебурданд, ки ин мубориза ҳамеша бо азнавсозии революционии тамоми бинои ҷамъиятӣ ё бо ҳалокати умумии синфҳои муборизакунанда анҷом меёфт.
Дар давраҳои гузаштаи таърихӣ мо қариб дар ҳама ҷо комилан ба табақаҳои гуногун тақсим шудани ҷамъият — зинапояи томи мавқеъҳои гуногуни ҷамъиятиро мебинем. Дар Рими Қадим мо патрицийҳо савораҳо, плебейҳо ва ғуломҳоро; дар асрҳои миёна ҳокимони феодалӣ, вассалҳо, устоҳо ва шогирдони цех ва крепостнойҳоро мебинем, ки илова бар ин, дар дохили кариб ҳар кадоме аз ин синфҳо дараҷаҳои махсусе ҳам буданд.
Ҷамъияти буржуазии ҳозира, ки аз дохили ҷамъияти халокшудаи феодалӣ баромадааст, зиддиятҳои синфиро барҳам назад. Вай фақат ба ҷои синфҳои кӯҳна, шароити кӯҳнаи зулм ва шаклҳои кӯҳнаи мубориза синфҳои нав, шароити нави зулмкунӣ ва шаклҳои нави муборизаро гузошт.
Вале давраи мо, давраи буржуазия, ҳамин қадар фарқ дорад, ки зиддиятҳои синфиро соддатар кардааст: ҷамъият торафт бештар ба ду лагери калони душмани якдигар, ба ду синфи калоне, ки ба якдигар муқобиланд — ба буржуазия ва пролетариат тақсим шуда истодааст.
Аз крепостнойҳои асри миёна аҳолии озоди аввалин шаҳрҳо ба вуҷуд омад; аз ин табақаи шаҳриён унсурҳои аввалини буржуазия ривоҷ ёфтанд.
Кашф карда шудани Америка ва роҳи баҳрии атрофи Африка барои буржуазияи тараққикунанда майдо:ни нави амалиёт фароҳам овард. Бозорҳои Ост-ҳинд ва Хитой, мустамлика гардидани Америка, мубодила бо мустамликаҳо, зиёд шудани воситаҳои мубодила ва умуман молҳо ба тиҷорат, баҳргардӣ, саноат чунон қувват доданд, ки мислаш пеш дида нашуда буд ва бо ҳуди ҳамин боиси зуд тараққӣ ёфтани унсури революционӣ дар ҷамъияти феодалии харобшуда гардиданд.
Ташкили пештараи феодалӣ ё цехии саноат талаботеро, ки дар баробари бозорҳои нав меафзуд, дигар қонеъ кунонда наметавонист. Ҷои онро мануфактура гирифт. Устоҳои цехиро аҳли табақаи миёнаи саноатӣ аз майдон танг карда бароварданд; тақсимоти меҳнат дар байни корпорацияҳои гуногун барҳам хӯрд, ҷои онро таксимоти мехнат дар дохили устохонаи ҷудогона гирифт.
Аммо бозорҳо торафт меафзуданд, талабот торафт зиёд мешуд. Мануфактура ҳам онро дигар каноат кунонда наметавонист. Он вақт бухор ва мошин дар саноат революцияе ба вуҷуд оварданд. Ҷои мануфактураро саноати калони ҳозира гирифт, ҷои табақаи миёнаи саноатиро саноатчиёни миллионер, саркардаҳои армияҳои томи саноатӣ, буржуаҳои замони ҳозира гирифтанд.
Саноати калон бозори умумиҷаҳониро, ки бо кашф шудани Америка тайёр шуда буд, ба вуҷуд овард. Бозори умумиҷахонӣ ба тараққии азими тиҷорат, баҳргардӣ ва воситаҳои рафтуомади хушкӣ сабаб шуд. Ин дар навбати худ ба вусъат ёфтани саноат таъсир кард ва ба ҳамон андозае, ки саноат, тиҷорат, баҳргардӣ, роҳҳои охан меафзуданд, буржуазия ҳам тараққӣ мекард, вай капиталҳои худро афзун менамуд ва ҳаман синфҳои аз даврони асрҳои миёна меросмондаро танг карда, ба мадди ақиб мепартофт.
Ба ҳамин тариқ, мо мебинем, ки худи буржуазияи замони ҳозира маҳсули процесси дуру дарози тараққиёт, маҳсули як катор табаддулоти тарзи истеҳсолот ва мубодила мебошад.
Ба ҳар кадоме аз ин зинаҳои тараққиёти буржуазия муваффақияти муносиби сиёсӣ ҳамроҳ буд. Табакаи мазлум дар замони ҳукмронии феодалҳо, ассоциацияи мусаллаҳ ва худидоракунанда дар коммуна, дар як ҷо — республикаи мустақили шаҳрӣ дар дигар ҷо — табакаи сеюми хироҷдехи монархия, баъд дар давраи мануфактура — табақае, ки дар монархияи табақагӣ ва ё мутлақа ба дворянҳо муқобил меистод ва умуман зинаҳое, ки буржуазия дар тараққиёти худ тай кардааст,— ниҳоят, аз замони барқарор шудани саноати калон ва бозори умумиҷаҳонӣ ин тараф буржуазия дар давлати ваколатдори ҳозира барои худ ҳукмронии куллии сиёсиро ба даст овард. Ҳокимияти ҳозираи давлатӣ фақат комитетест, ки корҳои умумии тамоми синфи буржуазияро идора мекунад.
Буржуазия дар таърих ниҳоятдараҷа роли революционӣ бозӣ кард.
Буржуазия, дар ҳама ҷое, ки ҳукмрониро ба даст даровард, тамоми муносибатҳои феодалӣ, патриархалӣ, идиллиявиро хароб кард. Вай риштаҳои рангоранги феодалиеро, ки инсонро ба «фармонфармоёни табиӣ»-аш мепайвастанд, бераҳмона пора-пора кард ва дар байни одамон ғайр аз манфиатҷӯии хушку холӣ ва «пулпарастии» сангдилона муносибати дигареро боқӣ нагузошт. Вай тапиши муқаддаси ҳаяҷони динӣ, ҷӯшу хурӯши рицарй, нозукдилии мещаниро дар яхоби фоидаҷӯии худпарастона ғарқ кунонд. Вай қадру эътибори шахсии инсонро ба арзиши мубодилавӣ мубаддал гардонд ва ба ҷои озодиҳои бешуморе, ки ато карда шуда ва бо ҳар роҳ ба даст оварда шуда буданд, як озодии бевиҷдононаи савдоро ҷорӣ кард. Хулоса, вай ба ҷои истисморе, ки бо хаёлоти ботили динӣ ва сиёсӣ пардапӯш шуда буд, истисмори ошкори беҳаёёнаи бевосита ва сангдилонаеро барқарор намуд.
Буржуазия ҳама навъ амалиётеро, ки пеш шоистаи эҳтиром буду ба он то он замон бо як тапиши ихлосмандона нигоҳ мекарданд, аз нури таҷаллии муқаддас маҳрум сохт. Вай духтур, ҳуқуқшинос, рӯҳонӣ, шоир, аҳли илмро ба коркуни муздгири кирояи худ мубаддал кард.
Буржуазия аз рӯи муносибатҳои оилавӣ пардаи нозуки ҳассосонаашро бардошт ва онҳоро муносибатҳои соф пулӣ карду монд.
Буржуазия нишон дод, ки зуҳуроти дағалонаи зӯроварӣ дар асрҳои миёна, ки реакционерҳоро ин қадар мафтун мекунад, табиатан ба тамбалӣ ва беҳаракатӣ вобаста буд. Буржуазия бори якум нишон дод, ки амалиёти инсонӣ ба ҷӣ чизҳо муваффақ шуда метавонад. Вай мӯъҷизаҳои санъатро эҷод кард, вале тамоман на он гуна, ки аҳромҳои Миср, ғулбаҳои обгузари Рим ва калисоҳои ҷомеи готҳо мебошанд; вай юрушҳое пеш гирифтааст, ки назар ба муҳоҷирати халқҳо ва юрушҳои аҳли салиб тамоман дигаранд.
Буржуазия дар олоти истеҳсолот доимо табаддулот ба вуҷуд наоварда, пас муносибатҳои истеҳсолиро ва, аз ин рӯ, маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятиро ҳам революционӣ накунонда, вуҷуд дошта наметавонад. Баръакс, бе тағьир нигоҳ доштани тарзи кӯҳнаи истеҳсолот аввалин шарти вуҷуди ҳамаи синфҳои пештараи саноатӣ буд. Табаддулоти доимӣ дар истеҳсолот, пай дар пай ба зилзила андохта шудани ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятй, дилнопурии доимӣ ва ҳаракат — хусусиятҳоеанд, ки давраи буржуазиро аз ҳамаи давраҳои пешгузашта фарқ мекунонанд. Ҳамаи муносибатҳои шахшудамондаи занг зада бо ҳамаи тассавурот ва ақидаҳое, ки ба онҳо ҳамроҳ буда, дар давоми асрҳо ҳукми анъанаро пайдо кардаанд хароб мешаванд, ҳамаи тассавурот ва ақидаҳои нав ҳанӯз сахт нашуда кӯҳна мегарданд. Ҳар он чи ки ба табақа таалуқ дорад ва шах шуда монданист, нест мешавад, ҳар он чи ки муқаддас аст, мурдор мешавад ва ниҳоят одамон маҷбур мегарданд, ки ба аҳволи зиндагии худ, ба муносибатҳои ҳамдигарии худ бо чашми хирад нигоҳ кунанд.
Эҳтиёҷ ба доим афзудани фурӯши маҳссулот буржуазияро ба тамоми рӯи ҷаҳон медавонад. Вай маҷбур аст, ки ба ҳама ҷо сар дароварад, дар ҳама ҷо ҷойгир шавад, дар ҳама ҷо алоқа барқарор кунад.
Буржуазия ба воситаи истифода кардани бозори умумиҷаҳонӣ истеҳсолот ва истеъмолоти ҳамаи мамлакатҳоро космополитӣ кунонд. Вай ба таасуфи бузурги реакционерҳо, аз таги пои саноат заминаи миллиро рабуд. Кӯҳнатарин сохаҳои миллии саноат нест карда шуданд ва ҳар рӯз нест шуда истодаанд. Онҳоро соҳаҳои нави танг карда бароварда истодаанд, ки ҷорӣ кардани ин соҳаҳои нав барои ҳамаи миллатҳои маданӣ масъалаи ҳаёт шуда истодааст, — он соҳаҳои нави саноат, ки акнун на ин ки ашьёи хоми маҳаллӣ, балки ашьёеро кор мекунанд, ки аз дурдасттарин кишварҳои рӯи замин оварда мешаванд ва чунин маҳсулоти фабрикиро тайёр карда мебароранд, ки на фақат дар дохили мамлакати муайян, балки дар ҳамаи қитъаҳои рӯи замин ҳам истеъмол мешавад. Ба ҷои эҳтиёҷоти пештара, ки бо маҳсулоти ватанӣ конеъ карда мешуданд, эҳтиёҷоти нав пайдо мешаванд, ки барои конеъ кунондани онҳо маҳсулоти дурдасттарин мамлакатҳо ва гуногунтарин иқлимҳо лозим мешаванд. Ҷои дарбастагии пештараи маҳаллӣ ва миллӣ ва аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсоли худ рӯзгузарониро алоқаи ҳаматарафа ва аз ҳар ҷихат вобастаи якдигар будани миллатҳо мегирад. Ин ба андозаи баробар ҳам ба истеҳсолоти маънавӣ. Самараҳои амалиёти маънавии миллатҳои ҷудогона дастраси умум шуда истодаанд. Яктарафагию маҳдудии миллӣ торафт бештар номумкин шуда истодааст ва аз адабиётҳои бисьёри миллӣ ва маҳаллӣ адабиёти умумиҷаҳонӣ ба вуҷуд омада истодааст.
Буржуазия бо роҳи зуд такмил додани ҳамаи олатҳои истеҳсолот ва бениҳоят осонтар кардани воситаҳои ҳамлу нақл ҳамаи миллатҳо, ҳатто ваҳшитарин миллатҳор ба олами тамаддун мекашад. Нарххои арзони молҳои он — ана ҳамин аст он артиллерияи вазнин, ки буржуазия бо ёрии он ҳамаи деворҳои хитоиро хароб мекунад ва сахттарин адовати нисбат ба аҷнабиён доштаи ваҳшиёнро ба таслим водор менамояд. Вай бо таҳдиди ҳалокат ҳамаи миллатҳоро ба қабули тарзи буржуазии истеҳсолот маҷбур мекунад, онҳоро маҷбур месозад, ки дар мамлакати худ маданият гуфтанӣ чизро ҷорӣ кунанд, яъне буржуа шаванд. Хулоса, вай мувофики шаклу шабоҳати худ барон худ дуньё барпо мекунад.
Буржуазия қишлоқро ба хукмронии шаҳр тобеъ кунондааст. Вай шаҳрҳои бузурге барпо кардааст, аҳолии шаҳрро назар ба аҳолии қишлок хеле зиёд кунондааст ва, ба ҳамин тариқ, як қисми зиёди аҳолиро аз зиндагии ҷоқилонаи қишлоқӣ берун баровардааст. Чунон ки вай қишлоқро ба шаҳр вобаста кунондааст, айнан ҳамин тавр мамлакатҳои ваҳшӣ ва нимваӣширо ба мамлакатҳои маданӣ, халқҳои деҳқонро ба халқҳои буржуазӣ, Шаркро ба Ғарб вобаста карда мондааст.
Буржуазия парокандагии воситаҳои истехсолот, моликият ва аҳолиро торафт бештар барҳам зада истодааст. Вай аҳолиро зичтар кардааст, воситаҳои истеҳсолотро марказондааст, моликиятро дар дасти одамони каме ҷамъ оварондааст. Марказияти сиёсӣ оқибати зарурии ин буд. Вилоятҳои мустақиле, ки қариб фақат ба воситаи муносибатҳои иттифоқӣ бо якдигар пайваста буда, манфиатҳо, қонунҳо, ҳукуматҳо ва боҷҳои гуногуне доштанд, дар як миллате, ки як ҳукумат, як қонунбарорӣ, як манфиати синфии миллӣ, як сарҳади боҷгирӣ дорад, муттаҳид шуда монданд.
Буржуазия дар давоми камтар аз сад соли ҳукмронии синфии худ он микдор қувваҳои истеҳсолкунанда буньёд кард, ки назар ба тамоми қувваҳои истеҳсолкунандаи ҳамаи наслхои пешгузашта хеле зиёдтар ва хеле азимтар мебошанд. Мутеъ карда шудани қувваҳои табиат, истеҳсоли мошинӣ, ба кор бурда шудани химия дар саноат ва зироат, киштиронӣ, роҳҳои оҳан, телеграфи электрикӣ, барои зироат ба кор андохта шудани қитъаҳои томи дуньё, барои киштиронӣ мувофиқ карда шудани наҳрҳо, аҳолии бисьёре, ки гӯё аз зери замин баромада бошанд,— аз асрҳои гузашта кадом асре пай бурда метавонист, ки дар дохили меҳнати ҷамъиятӣ чунин қуввақои истеҳсолкунанда ниҳонанд!
Инак, мо дидем, ки воситаҳои истеҳсолот ва мубодила, ки буржуазия дар асоси онҳо ба вуҷуд омадааст, дар ҷамъияти феодалӣ буньёд шуда буданд. Дар зинаи муайяни тараққии ин воситақои истеқсолот ва мубодила муносибатҳое, ки дар онҳо истехсолот ва мубодилаи ҷамъияти феодалӣ, ташкили феодалии зироат ва саноат сурат мегирифтанд, хулоса, муносибатҳои феодалии моликият ба қувваҳои тараққикардаи истеҳсолкунанда дигар мувофик намеомаданд. Онҳо ба ҷои инкишоф додани истеҳсолот ба он монеъ мешуданд. Онҳо ба кишанҳои истехсолот мубаддал шуданд. Онҳоро пора кардан лозим буд ва онҳо пора карда шуданд.
Ҷои онҳоро ракобати озод гирифт бо сохти ҷамъиятӣ ва сиёсии ба худаш мувофик, бо хукмронии иқтисодӣ ва сиёсии синфи буржуазия.
Дар пеши чашми мо айни ҳамин хел ҳаракат рӯй дода истодааст. Ҷамъияти ҳозираи буржуазӣ бо муносибатҳои буржуазии истеҳсолот ва мубодилааш, бо муносибатҳои буржуазии моликияташ, ки гӯё бо роҳи ҷодугарӣ воситаҳои ин қадар пурзӯри истеҳсолот ва мубодиларо ба вуҷуд овардааст, ба ҷодугаре монанд аст, ки дар илоҷи қувваҳои зеризаминии ба воситаи афсун берун овардааш дармондааст. Якчанд даҳсолӣ инҷониб таърихи саноат ва савдо танҳо таърихи шӯридани қувваҳои ҳозираи истеҳсолкунанда ба муқобили муносибатҳои ҳозираи истеҳсолӣ, ба муқобили он муносибатҳои моликият аст, ки шарти вуҷуди буржуазия ва ҳукмронии он мебошанд. Ба кризисҳои тиҷоратӣ ишора кардан кифоя аст, ки онҳо ҳар сари чанд вақт такрор шуда, худи вуҷуди тамоми ҷамъияти буржуазиро торафт даҳшатангезтар ба зери хатар мегузоранд. Дар вақти кризисҳои тиҷоратӣ ҳар бор як ҳиссаи зиёди на фақат маҳсулоти тайёршуда, балки ҳатто қувваҳои истеҳсолкунандаи ба вуҷуд овардашуда ҳам нобуд мешаванд. Дар вакти кризисҳо вабои ҷамъияти — вабое, ки ба ҳамаи давраҳои пешгузашта як чизи бемаънӣ менамуд, яъне вабои зиёда аз эҳтиёҷ молистеҳсолкунӣ рӯй медиҳад. Ҷамъият баногоҳ ба ақиб, ба ҳолати барбарияти нохост фарорасидае партофта мешавад, гӯё ки ин қаҳтӣ, ҷанги умумии ҳамаро харобкунанда онро аз ҳама воситаҳои зиндагӣ маҳрум карда бошанд; чунин ба назар менамояд, ки саноат, тиҷорат маҳв шудаанд,— ва аз чӣ сабаб? Аз он сабаб, ки ҷамъият дорои маданияти аз ҳад зиёд мебошад, аз ҳад зиёд воситаҳои ҳаёт дорад, саноат ва тиҷораташ аз ҳад зиёд аст. Қувваҳои истеҳсолкунандае, ки дар ихтиери он ҳастанд, ба тараққии муносибатхои буржуазии моликият дигар хизмат намекунанд; баръакс, онҳо барои ин муносибатҳо беандоза бузург шудаанд, муносибатҳои буржуази ба тараққии онҳо монеъ мешаванд; ва ҳангоме ки қувваҳои истеҳсолкунанда ба бартараф намудани ин монеаҳо шурӯъ мекунанд, онҳо тамоми ҷамъияти буржуазиро ва вайронӣ меоваранд, мавҷудияти моликияти буржуазиро дар зери хатар мегузоранд. Муносибатҳои буржуазӣ аз ҳад зиёд танг шудаанд, ки сарватҳои худашон ба вуҷудовардаро дигар дар бар гирифта наметавонанд.— Буржуазия кризисҳоро бо кадом роҳ бартараф мекунад? Аз як тараф, бо роҳи маҷбуран нобуд кардани қувваҳои бисьёри истеҳсолкунанда, аз тарафи дигар, бо роҳи фатҳ кардани бозорҳои нав ва ба ҳадди интиҳо истифода намудани бозорҳои кӯхна. Пас, бо чӣ? Бо ҳамин, ки вай кризисҳои боз ҳам ҳаматарафатар ва харобиовартарро тайёр мекунад ва воситаҳои пешгирии онҳоро камтар мекунонад.
Аслиҳае, ки буржуазия ба воситаи он феодализмро сарнагун карда буд, акнун ба муқобили худи буржуазия нигаронда мешавад.
Аммо буржуазия на фақат аслиҳае сохтааст, ки барои вай марг меоварад; вай одамонеро ҳам, ки ҳамин аслиҳаро ба муқобили буржуазия равона мекунанд, яъне коргарони ҳозира, пролетарҳоро ба майдон овардааст.
Ба ҳамон андозае, ки буржуазия, яъне капитал тараққӣ мекунад, пролетариат, синфи коргарони хозира ҳам тараққӣ мекунад, ки ин коргарон фақат ҳамон вақт рӯз гузаронда метавонанд, ки кор пайдо кунанд, ва корро фақат то он вақте пайдо мекунанд, ки меҳнати онҳо капиталро афзун мекунад. Ин коргарон. ки маҷбуранд худро донабайъ фурӯшанд, мисли ҳар кадом ашьёи дигари харидуфурӯш мебошанд ва, аз ҳамин рӯ, ба андозаи баробар ба ҳама тасодуфҳои рақобат, ба пасту баландшавиҳои нарху навои бозор дучор мешаванд.
Дар натиҷаи торафт зиёдтар ба кор бурда шудани мошинҳо ва таксимоти меҳнат меҳнати пролетарҳо ҳама гуна хусусияти мустақилӣ ва дар баробари он ҳама гуна ҳаваси ба меҳнат доштаи коргарро гум кард. Коргар иловаи оддии мошин шуда мемонад, аз вай фақат корҳои оддитарин, якрангтарин ва барои ёд гирифтан осонтарин талаб карда мешаванд. Бинобар ин хароҷоте, ки барои коргар карда мешавад, кариб фақат аз воситаҳои ҳаёт, ки барои рӯзгузаронии вай ва барои давоми авлоди вай заруранд, иборат мешавад. Аммо нархи ҳар кадом мол ва, аз ҳамин рӯ, нархи мехнат ҳам ба харҷи истеҳсоли он баробар аст. Бинобар ин ба ҳамон андозае, ки ҳавас надоштан ба меҳнат меафзояд, музди кор кам мешавад. Зиёда аз он; ба андозае ки ба кор бурдани мошинҳо ва тақсими меҳнат зиёд мешавад, миқдори меҳнат ҳам ба ҳамон андоза зиёд мешавад, ки ин ё аз ҳисоби зиёд шудани соатҳои корӣ рӯй медиҳад, ё ба сабаби зиёд шудани миқдори меҳнате, ки дар ҳар муддати муайян лозим аст, ё гашти мошин тезтар мешавад ва ҳоказо.
Саноати ҳозира устохонаи майдаи устои патриархалиро ба фабрикаи калони капиталиста саноатӣ мубаддал кардааст. Оммаи коргароне, ки дар фабрика ҷамъ меоянд, ба таври солдатӣ ташкил мешаванд. Онҳо мисли аскарони қатории армияи саноатӣ ба таҳти назорати як силсила унтер-офицерҳо ва офицерҳо гӯзошта мешаванд. Онҳо на фақат ғуломи синфи буржуазия ва давлати буржуазӣ мебошанд, балки онҳоро мошин, назоратчӣ ва, пеш аз ҳама, худи буржуа-фабриканти ҷудогона ҳам ҳар рӯз ва ҳар соат ба асорат гирифтор мекунанд. Ин истибдод, ҳар қадар ки фоида ба сифати мақсади охирини он ошкортар эълон карда шавад,— ҳамон қадар пасттинаттар; ҳамон қадар нафратовартар аст, ҳамон қадар бештар ба ғазаб меоварад.
Ҳар қадар ки меҳнати дастӣ маҳорат ва қувватро камтар талаб кунад, яъне ҳар қадар ки саноати ҳозира бештар тараққӣ кунад, меҳнати занон ва бачагон ҳамон қадар бештар меҳнати мардонро аз майдон танг карда мебарорад. Нисбат ба синфи коргар тафовути ҷинс ва синну сол ҳама гуна аҳамияти ҷамъиятиро гум мекунад. Фақат олатҳои корӣ мавҷуданд, ки ба ҷинс ва синну сол нигоҳ карда, хароҷоти гуногунро талаб мекунанд.
Вақте ки коргарро истисмор кардани фабрикант анҷом ёфт ва, ниҳоят, коргар музди кори худро нақд гирифт, кисмҳои дигари буржуазия — соҳиби ҳавлӣ, дӯкондор, судхӯр ва дигарон ба вай дармеафтанд.
Табақаҳои поёнии тоифаи миёна; саноатчиёни хурд савдогарони майда ва рантье, косибон ва деҳқонон — ҳамаи ин синфҳо ба сафҳои пролетариат фуруд меоянд, қисман аз сабаби он ки капитали ками онҳо барои пеш бурдани корхонаҳои калони саноатӣ кифоя намекунад ва ин капитал ба рақобати капиталистони хеле калон тоб намеоварад, кисман аз сабаби он ки маҳорати касбии онҳо дар натиҷаи тарзи нави истеҳсолот беқадру қимат мешавад. Сафи пролетариат ҳамин тавр аз ҳисоби ҳамаи синфҳои аҳолӣ зиёд мешавад.
Пролетариат зинаҳои гуногуни тараққиётро тай мекунад. Муборизаи он ба муқобили буржуазия дар баробари ва вуҷуд омаданаш сар мешавад.
Аввал муборизариро коргарони ҷудогона мебаранд, баъд коргарони як фабрика, пас аз он коргарони як соҳаи меҳнат дар як маҳал дар муқобили буржуаи ҷудогона, ки вай онҳоро бевосита истисмор мекунад. Коргарон зарбаҳои худро на фақат ба муқобили муносибатҳои истеҳсолии буржуазӣ, балки ба муқобили худи олоти истеҳсолот ҳам равона мекунанд, мошинҳоро мешикананд, ба фабрикаҳо оташ мезананд, кӯшиш мекунанд мавқеи азмиёнрафтаи коргари асримиёнагиро зӯран аз нав барқарор кунанд.
Дар ҳамин зинаи мубориза коргарон оммае мебошанд, ки дар сар то сари мамлакат парокандаанд ва рақобат онҳоро аз якдигар ҷудо кардааст. Муттаҳид будани оммаи коргарон ҳанӯз оқибати муттаҳидии буржуазия аст, ки вай барои расидан ба мақсадҳои сиёсии худ бояд тамоми пролетариатро ба ҳаракат оварад ва ин кор ҳоло аз дасташ меояд. Бинобар ин дар ҳамин зина пролетарҳо на бо душманони худ, балки бо душманони душманони худ — бо боқимондаҳои монархияи мутлақ, бо заминдорон буржуаҳои ғайрисаноатӣ, буржуаҳои майда мубориза мебаранд. Ба ҳамин тариқ тамоми ҳаракати таърихӣ дар дасти буржуазия ҷамъ меояд; ҳар ғалабае, ки дар ҳамин гуна шароит ба даст омада бошад, ғалабаи буржуазия мебошад.
Аммо дар баробари тараққӣ ёфтани саноат пролетариат на фақат аз ҷиҳати шумора зиёд мешавад; вай тӯдаҳои бузург ҷамъ меояд, қувваи он меафзояд ва ӯ ин қувваро торафт зиёдтар ҳис мекунад. Ба қадри он ки мошинҳо фарқи байни навъҳои ҷудогонаи меҳнатро торафт зиёдтар аз миён бардошта, қариб дар ҳама ҷо музди корри ба дараҷаи пасти якхела мефуроранд, манфиатҳо ва шароити зиндагонии пролетариат торафт бештар бо ҳам баробар мешаванд. Рақобати торафтафзояндаи буржуаҳо дар байни худашон ва кризисҳои тиҷоратӣ, ки аз ҳамин рақобат cap мезананд, боиси нн мешаванд, ки музди кори коргарон торафт нопойдортар мегардад; такмили пай дар паи мошинҳо, ки торафт зудтар вусъат меёбад, аҳволи зиндагонии пролетарҳоро беш аз пеш камбағалонатар мегардонад; задухӯрдҳои байни коргарони ҷудогона ва буржуаҳои ҷудогона торафт бештар ранги задухӯрдҳои байни ду синфро ба худ мегиранд. Коргарон аз ҳамин cap мекунанд, ки ба муқобили буржуаҳо коалицияҳо ташкил менамоянд, онҳо барои муҳофиза кардани музди кори худ якҷоя амал мекунанд. Онҳо ҳатто ассоциацияҳои доимӣ таъсис мекунанд барои он ки дар мавриди задухӯрдҳои эҳтимолӣ бо пул таъмин бошанд. Дар баъзе ҷойҳо мубориза ба шӯришҳои ошкор мубаддал мешавад.
Коргарон гоҳ-гоҳ ғолиб меоянд, аммо ин ғалабаҳо фақат ғалабаҳои даргузар мебошанд. Натиҷаи ҳақиқии муборизаи онҳо муваффақияти бевосита набуда, балки муттаҳидшавии торафт вусъатьёбандаи коргарон аст. Воситаҳои рӯзафзуни рафтуомад, ки саноати калон ба вуҷуд меоварад ва ин воситаҳо коргарони маҳалҳои гуногунро бо ҳам мепайванданд, ба ин муттаҳидшавӣ мадад мекунанд. Фақат ҳамин алоқа лозим асту бас, ки манбаъҳои бисьёри маҳаллии аз ҷиҳати хусусияти худ дар ҳама ҷо якхелаи мубориза марказонида шаванд ва онҳо дар як муборизаи миллии синфӣ муттаҳид карда шаванд. Ҳар кадом муборизаи синфӣ бошад, муборизаи сиёсӣ аст. Ва муттаҳидшавие, ки барои ноил шудан ба он ба шаҳриёни асрҳои миёна бо роҳҳон нобобашон садсолиҳо лозим буданд, ба пролетарҳои ҳозира ба туфайли роҳҳои оҳан дар давоми якчанд сол муясcap мешавад.
Ин дар синф ва бо худи ҳамин дар партияи сиёсӣ муташаккил шудани пролетарҳо ҳар дақиқа боз дар натиҷаи рақобати байни худи коргарон хароб мешавад. Вале вай боз аз сари нав ба вуҷуд омадан мегирад ва ҳар дафъа аз пештара зӯртар, мустаҳкамтар, тавонотар мегардад. Вай аз нифоқи байни табақаҳои ҷудогонаи буржуазия истифода бурда, маҷбур менамояд, ки манфиатҳои ҷудогонаи коргарон ба тариқи қонунӣ эътироф карда шаванд. Чунончӣ, қонуни рӯзи кори дахсоата дар Англия.
Умуман задухӯрдҳои дохили ҷамъияти кӯҳна аз бисьёр ҷиҳатҳо ба процесси тараққӣ ёфтани пролетариат мадад мекунанд. Буржуазия пай дар пай мубориза мебарад: аввал ба муқобили аристократия, баъдтар ба муқобили он кисмҳои худи буржуазия, ки манфиатҳои онҳо ба прогресии саноат зид мешаванд ва доимо — ба муқобили буржуазияи ҳамаи мамлакатҳои хориҷӣ. Дар ҳамаи ин ҳарбузарбҳо вай маҷбур аст, ки ба пролетариат муроҷиат кунад, онро барои мадад ҷеғ занад ва ба ҳамин тариқ онро ба муборизаи сиёсӣ ҷалб намояд. Аз ҳамин рӯ, худи вай ба пролетариат унсурҳои маърифати худ, яъне аслиҳаеро бар зидди худ медиҳад.
Баъд, чунон ки мо дидем, тараққии саноат табакаҳои томи синфи ҳукмронро ба сафи пролетариат тела медиҳад ё, ҳеҷ набошад, шароити зиндагии онҳоро ба зери хатар мегузорад. Онҳо ҳам ба пролетариат хеле зиёд унсурҳои маърифатро меоваранд.
Ниҳоят, дар давраҳое, ки муборизаи синфӣ ба анҷоми худ наздик мерасад, процесси вайроншавӣ дар дохили синфи ҳукмрон, дар дохили тамоми ҷамъияти кӯҳна хусусияти чунон пурҷӯшу хурӯш, чунон тезу тунд пайдо мекунад, ки қисми ками синфи ҳукмрон онро тарк менамояд ва ба синфи революционӣ, ба синфе, ки оянда аз они ӯст, ҳамроҳ мешавад. Ана аз барои ҳамин, мисли он ки пеш як қисми дворянҳо ба тарафи буржуазия мегузашт, ҳозир як қисми буржуазия, маҳз ҳамон қисми буржуаҳо-идеологҳое, ки ба дараҷаи фаҳми назариявии тамоми рафти ҳаракати таърихӣ расидаанд, ба тарафи пролетариат мегузаранд.
Аз ҳамаи синфҳое, ки ҳозир ба буржуазия муқобил меистанд, фақат пролетариат синфи ҳақиқатан революционӣ мебошад. Ҳамаи синфҳои бокимонда рӯ ба таназзул меоваранд ва дар баробари тараққӣ ёфтани саноати калон маҳв мешаванд, пролетариат бошад, маҳсули худи ҳамон саноати калон мебошад.
Табақаҳои миёна: саноатчии хурд, савдогари майда, косиб ва деҳқон,— ҳамаи онҳо бо буржуазия барои он мубориза мебаранд, ки мавҷудияти худро, ҳамчун табақаҳои миёна, аз ҳалокат нигоҳ доранд. Аз ҳамин рӯ, онҳо революционӣ набуда, балки консервативӣ ҳастанд. Ҳатто зиёда аз ин— онҳо реакционӣ мебошанд: онҳо чархи таърихро ба ақиб гардонданӣ мешаванд. Агар онҳо революционӣ бошанд, пас ин ба андозаест, ки барои онҳо ба сафи пролетариат гузаштан дар пеш аст, ба андозаест, ки онҳо на манфиатҳои ҳозираи худ, балки манфиатҳои ояндаи худро муҳофиза мекунанд, ба андозаест, ки онҳо нуқтаи назари худро тарк мекунанд барои он ки ба нуқтаи назари пролетариат гузаранд.
Люмпен-пролетариат, ки маҳсули ғайрифаъоли пӯсиши пасттарин табақаҳои ҷамъияти кӯҳна мебошад, дар баъзе ҷойҳо аз тарафи революцияи пролетарӣ ба ҳаракат кашида мешавад, аммо вай бинобар тамоми вазъияти зиндагиаш ба фурӯхтани худ барои фитнагариҳои peaкционӣ моилтар аст.
Шароити зиндагии ҷамъияти кӯҳна дар худи шароити зиндагии пролетариат маҳв шудааст. Пролетариат моликияте надорад; муносибати ӯ ба зану фарзандҳояш бо муносибатҳои оилавии буржуазӣ ҳеҷ шабоҳат надорад; меҳнати ҳозираи саноатӣ, юғи ҳозираи капитал, юғе, ки чи дар Англия ва чи дар Франция, чи дар Америка ва чи дар Германия якранг аст, аз вай ҳама гуна характери миллиро бардоштаанд. Қонунҳо, ахлоқ, дин — ҳамаи инҳо барои вай ҷуз хурофоти буржуазӣ, ки дар паси он манфиатҳои буржуазӣ пинҳон мебошанд, чизн дигаре нестанд.
Ҳамаи синфҳои пештара баъд аз он ки соҳиби ҳукмронӣ мешуданд, саъй мекарданд, ки мавқеи дар зиндагӣ пайдо кардаашонро мустаҳкам намоянд ва тамоми ҷамъиятро ба шароите тобеъ кунонанд, ки тарзи азхудкуниро барои ин синфҳо таъмин намояд, Пролетарҳо бошанд, қувваи истеҳсолкунандаи ҷамъиятиро фақат ба шарте ба даст оварда метавонанд, ки тарзи ҳозираи азонихудкунии худашонро ва бо худи ҳамин тамоми тарзи то ин вақт вуҷуддоштаи азонихудкуниро ҳам маҳв кунанд. Худи пролетарҳо ҳеҷ чизе надоранд, ки онро муҳофиза карданашон лозим бошад. онҳо бояд ҳамаи он чиро, ки то алҳол моликияти хусусиро муҳофиза ва таъмин мекард, хароб кунанд.
Ҳамаи ҳаракатҳое, ки то ҳол рӯй медоданд, ҳаракатҳои ақаллият буданд ё ин ки б а манфиати акаллият анҷом меёфтанд. Ҳаракати пролетарӣ ҳаракати мустақилонаи аксарияти бузург ба манфиати аксарияти бузург мебошад. Пролетариат, ки поёнтарин табакаи ҷамъияти ҳозира аст, то вақте баланд шуда наметавонад, қомат рост карда наметавонад, ки дар айни замон тамоми надстройкаи дар болояш сарафроштаи иборат аз табақаҳое, ки ҷамъияти расмиро ташкил медиҳанд, барбод наравад.
Муборизаи пролетариат бар зидди буржуазия аз ҷиҳати мазмун набошад ҳам, аз ҷиҳати шакл аввал муборизаи миллӣ мебошад. Пролетариати ҳар кадом мамлакат, албатта, пеш аз ҳама, бояд буржуазияи худро нест кунад.
Дар мавриди тасвир кардани марҳалаҳои хеле умумии тараққиёти пролетариат мо ҷанги граждании каму беш пимҳониро дар дохили ҷамъияти мавҷуда то он лаҳзае аз назар гузаронидаем, ки ин ҷанг ба революцияи ошкор табдил меёбад ва пролетариат бо роҳи зӯрам сарнагун кардани буржуазия ҳукмронии худро барқаpop менамояд.
Ҳамаи ҷамъиятҳое, ки то хол вуҷуд доштанд, чунон ки мо инро дидем, дар асоси антагонизми байни синҳои золим ва мазлум қарор мегирифтанд. Аммо барои он ки дар ҳаққи ягон синф зулм кардан мумкин шавад, чунин шароитеро муҳайё кардан зарур аст, ки дар он шароит вай ҳеҷ набошад, зиндагии ғуломвори худро ба cap бурда тавонад. Крепостной дар ҳолати крепостноӣ ба мавқеи аъзои коммуна расида буд, айнан монанди он ки буржуаи майда дар зери юғи мутлақияти феодалӣ ба мавқеи буржуа расидааст. Баръакс, коргари ҳозира дар баробари тараққиёти саноат боло намеравад, балки аз дараҷаи шароити рӯзгузаронии синфи худ торафт пасттар мефурояд. Коргар гадо мешавад ва гадоӣ назар ба аҳолӣ ва сарват боз ҳам тезтар меафзояд. Ин равшан нишон медиҳад, ки буржуазия дигар қобилияти онро надорад, ки минбаъд ҳамчун синфи ҳукмфармои ҷамъият бимонад ва шароити мавҷудияти синфи худро ба сифати қонуни батартибандозанда ба гардани тамоми ҷамъият бор кунад. Вай ба ҳукм рондан қобилият надорад, чунки вай қобилият надорад, ки барои ғуломи худ ҳатто дараҷаи ғуломвори зиндагониро муҳайё намояд, чунки вай маҷбур аст ӯро монад, ки паст-паст рафта, ба чунин ҳолате расад, ки дар он ҳолат ба вай ӯро хӯрондан лозим мешавад, ба ҷои он ки аз ҳисоби ӯ бихӯрад. Ҷамъият дигар дар зери ҳукмронии он зиндагӣ карда наметавонад, яъне ҳаёти вай бо ҷамъият дигар мувофиқат намекунад.
Шарти асосии вуҷуд ва ҳукмронии синфи буржуазия ғун шудани сарват дар дасти одамҳои хусусӣ, ба вуҷуд омадан ва зиёд шудани капитал мебошад. Шарти вуҷуди капитал меҳнати кироя мебошад. Меҳнати кироя танҳо дар асоси рақобати байни худи коргарон карор меёбад. Тараққиёти саноат, ки буржуазия берун аз ихтиёри худ ҷорикунандааш мебошад ва аз муқобилат кардан ба он оҷиз аст, ба ҷои ба воситаи рақобат азҳамқудошавии коргарон ба таври революционӣ ба воситаи ассоциация муттаҳидшавии онҳоро мегузорад. Ба ҳамин тариқ, дар баробари тараққӣ ёфтани саноати калон аз таги пои буржуазия худи заминае, ки буржуазия дар он маҳсулотро истеҳсол ва аз они худ мекунад, кашида гирифта мешавад. Вай, пеш аз ҳама, гӯрковҳои худро ба майдон меоварад. Ҳалокати он ва ғалабаи пролетариат ба як андоза ногузиранд.
Ⅱ. Пролетарҳо ва қоммунистҳо
Муносибати коммунистҳо умуман ба пролетарҳо чӣ гуна аст?
Коммунистҳо партияи махсус нестанд, ки он худро ба партияҳои дигари коргарӣ муқобил мегузошта бошад.
Онҳо ягон манфиате надоранд, ки аз манфиатҳои тамоми пролетариат алоҳида бошад.
Онҳо ҳеҷ гуна принципҳои махсусе ба миён намегузоранд, ки ҳаракати пролетариро ба он принципҳо мувофиқ кардан мехоста бошанд.
Фарқи коммунистҳо аз партияҳои дигари пролетарӣ фақат дар ин аст, ки онҳо, аз як тараф, дар муборизаи пролетарҳои миллатҳои гуногун манфиатҳои умумии ба миллат вобастанабудаи тамоми пролетариатро ҷудо ва муҳофиза мекунанд; аз тарафи дигар, дар ин аст, ки онҳо дар зинаҳои гуногуни тараққиёт, ки муборизаи пролетариат бо буржуазия ин зинаҳоро тай мекунад, ҳама вақт намояндагони манфиатҳои тамоми ҳаракат мебошанд.
Бинобар ин коммунистҳо дар амал қатъитарин қисми ҳамеша ба пешравӣ таҳрикдиҳандаи партияҳои коргарии ҳамаи мамлакатҳо мебошанд, аз ҷиҳати назариявӣ бошад, афзалияти онҳо назар ба оммаи боқимондаи пролетариат дар ин аст, ки онҳо шароит, рафт ва натиҷаҳои умумии ҳаракати пролетариро мефаҳманд.
Наздиктарин мақсади коммунистҳо ҳам худи ҳамон мақсадест, ки ҳамаи партияҳои дигари пролетарӣ дар пеши худ гузоштаанд, яъне ба шакли синф даровардани пролетариат, сарнагун кардани ҳукмронии буржуазия, ҳокимияти сиёсиро ба даст овардани пролетариат.
Ақидаҳои назариявии коммунисток ба ҳеҷ ваҷҳ дар асоси идеяҳо, дар асоси принципҳое, ки аз тарафи ин ё он навкунандаи дуньё бофта бароварда ё кашф карда шуда бошанд, қарор нагирифтаанд.
Ин ақидаҳо танҳо ифодаи умумии муносибатҳои ҳақиқии муборизаи синфиест, ки рӯй дода истодааст, ифодаи ҳаракати таърихиест, ки дар пеши назари мо ба амал омада истодааст. Барҳам задани муносибатҳои моликият, ки пеш вуҷуд доштанд, чизе нест, ки танҳо ба коммунизм хос бошаду бас.
Ҳамаи муносибатҳои моликият таърихан доимо иваз мешуданд, таърихан доимо дигаргун мешуданд.
Масалан, революцияи Франция моликияти феодалиро барҳам зада, ба ҷои он моликияти буржуазиро барқарор кард.
Хислати фарқкунандаи коммунизм бекор кардани умуман моликият набуда, балки бекор кардани моликияти буржуазӣ мебошад.
Аммо моликияти хусусии ҳозираи буржуазӣ охирин ва мукаммалтарин ифодаи чунин тарзи истеҳсол ва азони худ кардани маҳсулот аст, ки дар асоси антагонизмҳои синфӣ, дар асоси якеро истисмор кардани дигаре карор гирифтааст.
Ба ҳамин маъно коммунистҳо метавонанд назарияи худро бо як нукта ифода кунанд: барҳам задани моликияти хусусӣ.
Дар ҳаққи мо, коммунистҳо, таъна мезаданд, ки мо мехоҳем моликиятеро, ки шахсан бо меҳнати худ ба даст оварда шудааст, моликиятеро, ки асоси ҳама гуна озодии шахсӣ, амалиёт ва мустақилии шахсӣ мебошад, барҳам занем.
Моликияте, ки бо меҳнат, бо меҳнати ҳалол, бо арақи ҷабин ба даст оварда шудааст! Оё шумо дар бораи моликияти майдабуржуазӣ, майдадеҳқонӣ гап мезанед, ки он пеш аз моликияти буржуазӣ вуҷуд дошт? Барои мо хоҷати маҳв кардани он нест, тараққиёти саноат онро нест кардааст ва рӯз то рӯз нест карда истодааст.
Ё шояд шумо дар бораи моликияти ҳусусии ҳозираи буржуазӣ гап мезанед?
Магар меҳнати кироя, меҳнати пролетар барои вай моликият ба вуҷуд меоварад? Асло не. Вай капиталро ба вуҷуд меоварад, яъне моликиятеро, ки меҳнати кирояро истисмор мекунад, моликиятеро ба вуҷуд меоварад, ки ин моликият фақат ба шарте афзуда метавонад, ки вай меҳнати нави кирояро ба вуҷуд оварад, то ин ки онро боз истисмор намояд. Моликият дар шакли ҳозирааш дар тазоди байни капитал ва меҳнати кироя ҳаракат мекунад;. Пас ҳар ду тарафи ин тазодро аз назар гузаронем.
Капиталист будан дар истеҳсолот на фақат мавқеи соф шахсӣ, балки мавқеи ҷамъиятиро ҳам ишғол кардан аст. Капитал маҳсули коллективӣ аст ва фақат бо амалиёти якҷояи аъзоёни бисьёри ҷамъият, ниҳоят— танҳо бо амалиёти якҷояи ҳамаи аъзоёни ҷамъият ба ҳаракат омада метавонад.
Инак, капитал на қувваи шахсӣ, балки қувваи ҷамъиятӣ мебошад.
Бинобар ин, агар капитал ба моликияти коллективие табдил дода шавад, ки ба ҳамаи аъзоёни ҷамъият тааллуқ дорад, ин табдил ёфтани моликияти шахсӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нахоҳад буд. Фақат хусусияти ҷамъиятии моликият тағьир меёбад. Вай хусусияти синфии худро гум меқунад.
Ба меҳнати кироя гузарем.
Нархи миёнаи меҳнати кироя минимуми музди кор, яъне маҷмӯи воситаҳои рӯзгузаронист, ки барои нигоҳ доштани ҳаёти коргар ҳамчун коргар зарур мебошанд. Пас он чи ки коргари кироя дар натиҷаи амалиёти худ ба даст меоварад, барои давоми зиндагии ӯ базӯр кифоя мекунад. Мо ҳаргиз ин азонихудкунии шахсии маҳсулоти меҳнатро, ки бевосита барои давоми зиндагӣ хизмат мекунад, азонихудкуниеро, ки ҳеч чизи барзиёдро намемононад, ки он ҳукмрониро бар меҳнати дигарон ба вуҷуд оварда тавонад, бархам заданӣ нестем.
Мо фақат чунин хусусияти бенавоёнаи ин азонихудкуниро барҳам задан мехоҳем, ки коргар танҳо барои зиёд кардани капитал зиндагӣ мекунад ва танхо ба ҳамон андозае зиндагӣ мекунад, ки инро манфиатҳои синфи ҳукмрон талаб менамоянд.
Дар ҷамъияти буржуазӣ меҳнати ҷорӣ фақат воситае барои зиёд кардани меҳнати ғуншуда аст. Дар ҷамъияти коммунисти меҳнати ғуншуда фақат воситае барои васеътар, фаровонтар, сабуктар кардани пронесси зиндагии коргарон аст.
Ба ҳамин тарик, дар ҷамъияти буржуазӣ гузашта бар ҳозира, дар ҷамъияти коммунистӣ бошад — ҳозира бар гузашта ҳукмфармост. Дар ҷамъияти буржуазӣ капитал мустақилӣ ва ранги индивидуалӣ дорад, дар сурате ки индивидууми меҳнаткаш номустақил аст ва соҳибихтиёр нест.
Барҳам задани ана ҳамин муносибатҳоро буржуазия барҳам задани шахсият ва озодӣ меномад! Ҳақ ба ҷониби вай аст. Дар ҳақиқат сухан дар бораи барҳам задани шахсияти буржуазӣ, мустақилии буржуазӣ ва озодии буржуазӣ меравад.
Озодӣ гуфта дар доираи муносибатҳои истеҳсолии ҳозираи буржуазӣ озодии савдо, озодии харидуфурӯшро мефаҳманд.
Аммо дар баробари аз байн рафтани савдогарӣ, савдогарии озодона ҳам аз байн хоҳад рафт. Суханҳо дар бораи савдогарии озод, монанди ҳамаи ҷумлапардозиҳои тумтароқи буржуазияи мо дар хусуси озодӣ, умуман фақат нисбат ба савдогарони ғайриозод, нисбат ба шаҳрии мазлуми асри миёна маъно доранд, на нисбат ба коммунистона барҳам задани савдогарӣ, муносибатҳои истеҳсолии буржуазӣ ва худи буржуазия.
Шумо аз ин ба даҳшат меоед, ки мо моликияти хусусиро барҳам задан мехоҳем. Аммо дар ҷамъияти ҳозираи шумо моликияти хусусӣ барои аз даҳ нӯҳ ҳиссаи аъзоёни он барҳам зада шудааст; вай маҳз аз он сабаб вуҷуд дорад, ки барои аз даҳ нӯҳ хисса вуҷуд надорад. Пас шумо ба мо таъна мезанед, ки мо моликияти хусусиро барҳам задан мехоҳем, моликияти хусусиеро, ки он дар ихтиёри аксарияти бузурги ҷамъият набудани моликиятро ба сифати шарти зарурӣ дар назар дорад.
Хулоса, шумо моро ба ин таъна мекунед, ки мо моликияти шуморо барҳам задай мехоҳем. Бале, мо ҳақиқатан ҳамин корро кардан мехоҳем.
Аз он даме, ки меҳнатро дигар ба капитал, ба пул, ба рентаи замин, мухтасар — ба қувваи ҷамъиятие, ки монополӣ кардан мумкин бошад, табдил додан мумкин намешавад, яъне аз он даме, ки моликияти хусусиро дигар ба моликияти буржуазӣ табдил додан мумкин нест,— аз ҳамин дам, арз мекунед шумо, шахсият барҳам хӯрдааст.
Бинобар ин шумо иқрор мешавед, ки ғайр аз буржуа, яъне ғайр аз мулкдори буржуазӣ каси дигареро шахс намешуморед. Ин гуна шахсият ҳақиқатан ҳам бояд барҳам зада шавад.
Коммунизм ҳеҷ касро аз имконияти аз они худ кардани маҳсули ҷамъиятӣ маҳрум намекунад, вай фақат аз имконияти ба воситаи ҳамин азонихудкунӣ ба зери асорати худ гирифтани меҳнати дигарон маҳрум месозад.
Эрод мегирифтанд, ки гӯё дар баробари барҳам зада шудани моликияти хусусӣ ҳама гуна амалиёт хотима хоҳад ёфт ва танбалии умумӣ ҳукмфармо хоҳад шуд.
Агар ин тавр мебуд, ҷамъияти буржуазӣ кайҳо мебоист аз танбалӣ ҳалок мешуд, зеро дар ин ҷамъият онҳое, ки меҳнат мекунанд, чизе ба даст намеоваранд, ва онҳое, ки ба даст меоваранд, меҳнат намекунанд. Ҳамаи ин хавфбариҳо такрори чунин ақидаест, ки модоме ки капитал дигар мавҷуд нест, меҳнати кироя ҳам дигар вуҷуд надорад.
Ҳамаи эродҳое, ки ба муқобили тарзи коммунистии азонихудкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти моддӣ нигаронида шудаанд, ба азонихудкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти меҳнати фикрӣ низ даҳл доранд. Мисли он ки нест кардани моликияти синфӣ ба назари буржуа барҳам хӯрдани худи истеҳсолот менамояд, айнан ҳамин тавр нест кардани маърифати синфӣ ҳам ба назари ӯ бо нест кардани умуман маърифат баробар аст.
Маърифат, ки буржуа ба ҳалок шудани он мегирьяд, барои аксарияти бузург ба иловаи мошин мубаддал шудан аст.
Аммо шумо, ки ба барҳам задани моликияти буржуазӣ аз нуқтаи назари тасаввуроти буржуазии худатон дар бораи озодӣ, маърифат, ҳуқуқ ва ҳоказо баҳо медихед, бо мо баҳс накунед. Худи идеяҳои шумо маҳсули муносибатҳои истеҳсолии буржуазӣ ва муносибати буржуазии моликият мебошанд, айнан мисли он ки ҳуқуқи шумо танҳо иродаи 6а ҳукми қонун даровардашудаи синфи шумост, иродае, ки мазмуни онро шароити моддии зиндагин синфи шумо муайян мекунад.
Тасаввуроти ғаразкоронаи шумо, ки шуморо водор мекунад муносибатҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои моликияти худро аз муносибатҳои таърихии дар рафти тараққиёти истеҳсолот гузаранда ба қонунҳои абадии табиат ва хирад табдил диҳед,— ин тасаввуроти ғаразкорона ба ҳамаи синфҳои пеш ҳукмрон ва азмиёнрафта низ хос буд. Вақте ки сухан дар бораи моликияти буржуазӣ меравад, шумо дигар ҷуръат надоред он чиро бифаҳмед, ки барои шумо дар бобати моликияти антиқӣ ё моликияти феодалӣ мафҳум менамояд.
Барҳам задани оила! Ҳатто гузаротарин радикалҳо ҳам аз ин нияти зишти коммунистҳо ба хашм меоянд.
Оилаи буржуазии ҳозира дар асосии чӣ карор ёфтааст? Дар асоси капитал, дар асоси фоидаҷӯии хусусӣ. Вай дар шакли тамоман тараққикарда факқат барои буржуазия вуҷуд дорад; вале беоилагии ночори пролетарҳо ва фоҳишагии ошкор иловаи он мебошанд.
Оилаи буржуазӣ табиист, ки дар баробари аз миён рафтани ҳамин иловааш аз байн хоҳад рафт ва ҳар дуяшон дар баробари аз миён рафтани капитал аз миён хоҳанд рафт.
Ё шумо моро дар ин таъна мекунед, ки мо ба фарзандони худро истисмор кардани падару модаронашон хотима додан мехоҳем? Мо ин ҷиноятро ба гардан мети рем.
Вале шумо даъво мекунед, ки мо ба ҷои тарбияи оилавӣ тарбияи ҷамъиятиро ҷорӣ карда, муносибатҳои барои инсон аз ҳама азизтарро нест кардан мехоҳем.
Аммо магар тарбияи шумо аз тарафи ҷамъият муайян намешавад? Магар вай бо муносибатҳои ҷамъиятие, ки шумо дар шароити он тарбия мекунед, муайян намешавад, бо дахолати бевосита ё бавоситаи ҷамъият бо ёрии мактаб муайян намешавад ва ҳоказо? Коммунистҳо таъсири ҷамъиятро ба тарбия аз хаёлашон бофта набаровардаанд; онҳо фақат хусусияти тарбияро дигар мекунанд, онҳо вайро аз зери таъсири синфи ҳукмфармо ҷудо карда мегиранд.
Ҳар қадар ки дар натиҷаи тараққиёти саноати калон тамоми муносибатҳои оилавӣ дар байни пролетариат бештар хароб шаванд, ҳар қадар ки фарзандон ба ашьёи оддии харидуфурӯш ва ба асбобҳои корӣ бештар мубаддал гарданд, манаҳзаниҳои буржуазӣ дар бораи оила ва тарбия, дар бораи муносибатҳои меҳрубонона дар байни падару модарон ва фарзандон ҳамон кадар нафратовартар ба назар мерасанд.
Аммо, шумо, коммунистҳо, умумӣ будани занҳоро ҷорӣ кардан мехоҳед,— гӯён тамоми буржуазия бо як овоз ба мо фарьёд мезанад.
Буржуа ба зани худ ҳамчун ба олати оддии истеҳсолот нигоҳ мекунад. Ӯ мешунавад, ки олати истеҳсолотро барои истифодабарии умумӣ доданӣ ҳастанд ва албатта он фикрро аз худ дур карда наметавонад, ки қисмати занҳо ҳам ҳамин тавр мешавад.
У ҳатто гумон ҳам намебарад, ки сухан айнан дар бораи аз миён бардоштани чунин вазъияте меравад, ки зан олати оддии истеҳсолот аст.
Зотан, аз даҳшати порсоёнаи буржуаҳои мо дар бобати умумияти мавҳуми расмии занҳо дар коммунистҳо чизи ҳандаовартаре нест. Ба коммунистҳо хоҷате нест, ки занҳоро умумӣ кунанд, ин умумият қариб ҳамеша вуҷуд дошт.
Буржуаҳои мо бо ин, ки за ну духтарони коргарони худро дар ихтиёр доранд, қаноат накарда, фоҳишабозии расмӣ ҳоло он тараф истад,— аз роҳ баровардани занҳои якдигарро барои худ кайфи махсус медонанд.
Занушӯии буржуазӣ дар ҳақиқати ҳол умумӣ будани занҳост. Дар хаққи коммунистҳо магар фақат ҳаминро таъна кардан мумкин буд, ки онҳо гӯё ба ҷои умумияти риёкорона пардапӯшшудаи занҳо умумияти расмии ошкори занҳоро ҷорӣ кардан мехостаанд. Аммо охир худ аз худ фаҳмида мешавад, ки дар баробари барҳам зада шудани муносибатҳои имрӯзаи истеҳсолӣ умумияти аз ин муносибатҳо ба миёномадаи занҳо, яъне фоҳишагии расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳам барҳам хоҳад хӯрд.
Баъд, дар ҳақки коммунистҳо таъна мекунанд, ки онҳо гӯё ватан, миллатро барҳам задан мехостаанд.
Коргарон ватан надоранд. Онҳоро аз чизе ки надоранд, маҳрум кардан мумкин нест. Чунки пролетариат пеш аз ҳама бояд барои худ ҳукмронии сиёсиро ба даст оварад, ба дараҷаи мавқеи синфи миллӣ бирасад, ҳамчун миллат ташкил шавад, худи вай то ба ҳол миллӣ мебошад, агарчи асло на ба он маъное, ки буржуазия мефаҳмад.
Ҷудоии миллӣ ва тазодҳои халкҳо акнун дар баробари тараққӣ ёфтани буржуазия, дар баробари савдои озод, бозори умумиҷаҳонӣ, дар баробари якрангии истеҳсолоти саноатӣ ва шароити ба он мувофиқи зиндагӣ торафт бештар аз миён рафта истодаанд.
Ҳукмронии пролетариат аз миён рафтани онҳоро боз ҳам суръатноктар мекунад. Якҷоя карда шудани ҷидду ҷаҳди лоақал мамлакатҳои маданӣ яке аз аввалин шартҳои озод шудани пролетариат мебошад.
Ба чӣ андозае ки истисмори як шахс аз тарафи шахси дигар барҳам зада шавад, истисмори як миллат аз тарафи миллати дигар низ ба ҳамон андоза барҳам хоҳад хӯрд.
Дар баробари аз миён рафтани антагонизми синфҳо дар дохили миллат муносибатҳои душманонаи миллатҳо нисбат ба якдигар низ аз миён хоҳанд рафт.
Айбдоркуниҳое, ки аз нуқтаи назари динӣ, фалсафӣ ва умуман идеологӣ ба муқобили коммунизм равона карда мешаванд, ба муфассал санҷидан намеарзанд.
Оё амиқфикрии махсус лозим аст, то кас бифаҳмад, ки дар баробари шароити зиндагии одамон, муносибатҳои ҷамъиятии онҳо ва ҳастии ҷамъиятии онҳо тасаввурот, ақидаҳо ва фаҳмиши онҳо — хулоса, шуури онҳо ҳам тағьир меёбанд?
Таърихи идеяҳо дар баробари дигаргун шудани истеҳсолоти моддӣ дигаргун шудани истеҳсолоти маънавиро исбот накарда, боз чӣ чизро исбот мекунад? Дар ҳар замон ҳама вақт фақат идеяҳои синфи ҳукмрон идеяҳои ҳукмрон буданд.
Дар бораи идеяҳое, ки тамоми ҷамъиятро революционӣ мегардонанд, сухан меронанд; бо ҳамин фақат он фактро ифода мекунанд, ки дар дохили чамъияти кӯҳна унсурҳои нав ба вуҷуд омадаанд ва идеяҳои кӯҳна якҷоя бо вайрон шудани шароити кӯҳнаи зиндагӣ вайрон шудан мегиранд.
Вақте ки дуньёи қадим рӯ ба ҳалокат меовард, динҳои қадимро дини христианӣ мағлуб карда буд. Вақте ки идеяҳои христианӣ дар асри ⅩⅧ дар зери зарбаи идеяҳои маорифпарварӣ ҳалок мешуданд, ҷамъияти феодалӣ бо буржуазия, ки дар он вақт синфи революционӣ буд, ё ҳаёт ё мамот гӯён меҷангид. Идеяҳои озодии виҷдон ва дин дар соҳаи дониш фақат ҳукмронни рақобати озодро ифода мекарданд.
«Аммо», мегӯянд ба мо, «идеяҳои динӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ҳоказо, албатта дар рафти тараққиёти таърихӣ тағьир меёфтаид. Дин, ахлок, фалсафа, сиёсат, ҳуқуқ бо ҳамаи ин тағьирьёбии пай дар пай ҳамеша бокӣ мемоидаидку.
Илова бар он, ҳақиқатҳои абадие аз қабили озодӣ, адолат ва ҳоказо ҳастанд, ки онҳо барои ҳамаи зинаҳои тараққиёти ҷамъият муштарак мебошанд. Коммунизм бошад, ҳақиқатҳои абадиро бекор мекунад, вай дин, ахлоқро бекор мекунад ба ҷои он, ки онҳоро нав намояд; пас, коммунизм ба тамоми рафти пешгузаштаи тараққиёти таърихӣ мухолиф аст».
Ил айбдоркунӣ аз чӣ иборат аст? Таърихӣ ҳамаи ҷамъиятҳое, ки то имрӯз мавҷуд буданд, дар тазодҳои синфие, ки дар давраҳои гуногун ба тарзи гуногун сурат мегирифтанд, ҳаракат мекард.
Аммо онҳо ба худ ҳар хел шакл гиранд ҳам, истисмори як қисми ҷамъият аз тарафи қисми дигараш ҳақиқатест, ки барои ҳамаи асрҳои гузашта муштарак мебошад. Бинобар ин ҷои тааҷҷуб нест, ки бо вуҷуди ҳамаи гуногунӣ ва ҳамаи тафовутхо, шуури ҷамъиятии ҳамаи асрҳо дар шаклҳои муайяни умумӣ, дар шаклҳои шуур ҳаракат мекунад, дар чунин шаклҳое, ки фақат дар баробари тамоман аз миён рафтани тазоди синфҳо ба куллӣ аз миён бардошта хоҳанд шуд.
Революцияи коммунистӣ қатъитарин тарки алоқа аст бо он муносибатҳои моликият, ки аз гузашта мерос мондаанд; ҷои тааҷҷуб нест, ки вай дар рафти тараққиёти худ аз идеяҳое, ки аз гузашта мерос мондаанд, ба таври қатъӣ даст мекашад.
Вале эродҳои буржуазияро ба муқобили коммунизм як сӯ монем.
Мо дар боло дидем, ки қадами аввалин дар революцияи коргарӣ ба синфи ҳукмрон мубаддал шудани пролетариат, ба даст даровардани демократия мебошад.
Пролетариат аз ҳукмронии сиёсии худ барои он истифода хоҳад бурд, ки қадам ба қадам аз дасти буржуазия тамоми капиталро зада бигирад, тамоми олоти истеҳсолотро дар дасти давлат, яъне дар дасти пролетариате, ки ба сифати синфи ҳукмрон ташкил шуда бошад, марказият диҳад ва маҷмӯи қувваҳои истеҳсолкунандаро то мумкин аст зудтар афзун намояд.
Ин, албатта, аввал фақат бо ёрии зӯран дахолат кардан ба ҳуқуқи моликият ва ба муносибатҳои истеҳсолии буржуазӣ, яъне бо ёрии чорабиниҳое, ки аз ҷихати иктисодӣ нокифоя ва беасос намоянд ҳам, вале дар рафти ҳаракат аз доираи худ берун мебароянд ва ба сифати воситае барои ба амал овардани табаддулот дар тамоми тарзи истеҳсолот ногузир мебошанд, ба амал омада метавонад.
Албатта, ин чорабиниҳо дар мамлакатҳои гуногун ҳар хел мешаванд.
Вале дар пешқадамтарин мамлакатҳо қариб дар ҳама ҷо мумкин аст чораҳои зерин татбиқ карда шаванд:
-
Экспроприации моликияти замин ва сарф кардани рентаи замин барои хароҷоти давлатӣ.
-
Андози калони прогрессивӣ.
-
Бекор кардани ҳуқуқи меросгирӣ.
-
Мусодира кардани молу мулки ҳамаи муҳоҷирон ва исьёнгарон.
-
Марказият додани кредит дар дасти давлат ба воситаи банки миллӣ, ки капитали давлатӣ ва монополиям куллӣ дошта бошад.
-
Марказият додани тамоми нақлиёт дар дасти давлат.
-
Зиёд кардани миқдори фабрикаҳои давлатӣ, олоти истеҳсолот, тоза кардани заминҳо барои киштукор ва беҳтар кардани сифати заминҳо аз рӯи плани умумӣ.
-
Барои ҳама ба як андоза ҳатмӣ будани меҳнат, таъсис кардани армияҳои саноатӣ, хусусан барои зироат.
-
Бо саноат муттаҳид кардани зироат, мадад расондан ба тадриҷан бартараф шудани тафовути байни шаҳру кишлоқ.
-
Тарбияи ҷамъиятӣ ва бепули ҳамаи бачагон. Бартараф кардани меҳнати бачаҳо дар фабрикаҳо дар шакли хозирааш. Пайвастани тарбия бо истеҳсолоти моддӣ ва ғайра.
Вақте ки дар рафти тараққиёт тафовутҳои синфӣ аз миён мераванд ва тамоми истеҳсолот дар дасти ассоииацияи шахсон ҷамъ меояд, он гоҳ ҳокимияти ҷамъиятӣ хусусияти сиёсии худро гум хоҳад кард. Ҳокимияти сиёсӣ бе маънои хоси калима зӯроварии муташаккило нам як синф аст барои пахш кардани синфи дигар. Агар пролетариат дар мубориза ба муқобили буржуазия ҳатман дар синф муттахид шавад, агар бо роҳи революция вай худашро ба синфи ҳукмрон табдил диҳад ва ба сифати синфи ҳукмрон зӯран муносибатҳои кӯхнаи истеҳсолиро барҳам занад, дар он сурат вай дар баробари ҳамин муносибатҳои истеҳсолӣ шароити вуҷуди тазоди синфӣ ва умуман синфҳоро барҳам мезанад ва бо ҳамин ҳукмронии худро ҳамҷун синф низ барҳам мезанад.
Ба ҷои ҷамъияти кӯхнаи буржуазӣ бо синфҳо ва тазодҳои синфии он ассоииацияе меояд, ки дар вай тараққии озодонаи ҳар кас шарти тараққии озодонаи ҳама мебошад.
Ⅲ. Адабиёти социалистӣ ва коммунистӣ
1. Социализми реакционӣ
а) Социализми феодалӣ
Аристократияи француз ва англис аз рӯи мавқеи таърихии худ бар он водор буд, ки ба муқобили ҷамъияти буржуазии ҳамзамонаш ҳаҷвиянависӣ кунад. Дар революцияи июлии Франция дар соли 1830 ва дар ҳаракати англисӣ ба фоидаи ислоҳоти парламентӣ шахси навбаромади манфур аристократияро боз як бори дигар шикаст дод. Дар бораи муборизаи ҷиддии сиёсӣ дигар ҷои гап ҳам набуд. Барои вай фақат муборизаи адабӣ мемонду бас. Аммо дар соҳаи адабиёт ҳам ҷумлаҳои кӯҳнаи замони Реставрация дигар ба кор намеомаданд. Аристократия, барои ин ки нисбат ба худ хайрхоҳӣ пайдо кунонад, мебоист вонамуд мекард, ки вай дигар ғами манфиатҳои худашро намехӯрад ва айбномаи худро ба муқобили буржуазия фақат ба манфиати синфи коргари истисморшаванда тартиб медихад. Вай худро бо ҳамин қаноатманд мекард, ки дар ҳаққи ҳукмфармои нави худ асарҳои тӯҳматомез менавишт ва ба вай каромотҳои каму беш шумхабаронае гӯшакӣ мекард.
Ҳамин тавр социализми феодалӣ ба вуҷуд омад: нисфаш навоҳои мотам — нисфаш тӯҳмат, нисфаш акси садои замонҳои гузашта —нисфаш таҳдиди оянда, ки баъзан бо ҳукмномаи талхи нешдор ва зарифонаи худ бар дили буржуазия нештар мезанад, вале бо тамоман фаҳмида натавонистани худ рафти таърихи ҳозираро ҳамеша хандаовар менамояд.
Аристократия тӯрбаи гадоии пролетариатро мисли байрақе ҷилва медод, то ин ки халқро аз паси худ барад. Вале ҳар боре ки халқ аз паи вай равон мешуд, дар тахтапушти он тамғаи кӯҳнаи феодалиро дида, бо қаҳкаҳаи баланди беҳурматона ба ҳар тараф пароканда мешуд.
Ба бозӣ кардани он мазҳака як қисми легитимистҳои француз ва «Англияи Ҷавон» машғул мешуданд.
Агар феодалҳо исбот карданӣ шаванд, ки тарзи истисмори онҳо назар ба истисмори буржуазия дигархелтар буд, дар ин сурат онҳо фақат ҳаминро аз хотирашон мебароранд, ки онҳо дар вазъият ва шароити тамоман дигар, дар вазъият ва шариоте, ки акнун аз байн рафтааст, истисмор мекарданд. Агар онҳо гуфтанӣ шаванд, ки дар замони ҳукмрониашон пролетариати ҳозира мавҷуд набуд, дар ин сурат онҳо фаромӯш мекунанд, ки маҳз худи буржуазияи ҳозира самараи ҳатмии сохти ҷамъиятии онҳо буд.
Зотан, онҳо хусусияти реакционии танқиди худро он қадар кам пинҳон медоранд, ки таънаи асосии онҳо дар ҳаққи буржуазия маҳз иборат аз ин аст, ки дар замони ҳукмронии буржуазия синфе тараққӣ карда истодааст, ки вай тамоми тартиботи кӯҳнаи ҷамъиятиро ҳоҳад тарконд.
Таънаи онҳо ба буржуазия на он қадар дар хусуси ин буд, ки вай умуман пролетариатро ба вуҷуд меоварад, балки бештар дар хусуси ин буд, ки вай пролетариати революциониро ба вуҷуд меоварад.
Бинобар ин онҳо дар амалиёти сиёсӣ дар ҳамаи чорабиниҳои зӯригарӣ ба муқобил синфи коргар иштирок мекунанд ва дар зиндагии ҳаррӯза бар хилофи ҳамаи ҷумлапардозиҳои тумтароқи худ фурсати чида гирифтани себҳои тиллоиро аз даст намедиҳанд ва садоқат, муҳаббат, шарафро бар фоидае, ки аз тиҷорати пашми гӯсфанд, лаблабуи қанд ва арақ ҳосил мешавад, иваз менамоянд.
Мисли он ки поп ҳамеша бо феодал даст ба даст дода мерафт, социализми попӣ ҳам бо социализми феодалӣ ҳамин тавр даст ба даст меравад.
Аз ранги социалистӣ додан ба гӯшанишинии христианӣ дида кори осонтаре нест. Магар дини христианӣ ҳам ба муқобили моликияти хусусӣ, ба муқобили никох, ба муқобили давлат суханронӣ намекард? Магар вай ба ҷои инҳо некӯкорӣ ва гадоӣ, безанию бешавҳарӣ ва тарки нафс, дайрнишинӣ ва калисоро ваъз намекард? Социализми христианӣ фақат оби мукаддасест, ки поп бар болои хашму ғазаби аристократ мепошад.
в) Социализми маидабуржуазӣ
Аристократияи феодалӣ ягона синфе нест, ки онро буржуазия сарнагун карда бошад ва шароити зиндагии он дар ҷамъияти ҳозираи буржуазӣ бадтар шуда ва аз миён рафта истода бошад. Табақаи асримиёнагии шаҳриҳо ва табақаи деҳқонҳои майда пешгузаштагони буржуазияи ҳозира буданд. Дар мамлакатҳое, ки аз ҷихати саноат ва тиҷорат камтар тараққӣ кардаанд, ин синф то алҳол дар паҳлуи буржуазияи тараққикунанда ба сахтӣ умр ба сар мебарад.
Дар мамлакатҳое, ки маданияти ҳозира тараққӣ кардааст, буржуазияи нави майда ба вуҷуд омадааст,— ва боз доим ба сифати қисми и иловагии ҷамъияти буржуазӣ ба вуҷуд меояд,— ки дар байни пролетариат ва буржуазия мекалавад. Вале рақобат доим касони ба ин синф тааллуқдоштаро ба сафи пролетариат тела медиҳад ва онҳо наздик омадани ҳамон лақзаеро медидагӣ мешаванд, ки онҳо дар баробари тараққӣ ёфтани саноати калон ба сифати як қисми мустақили ҷамъияти ҳозира тамоман аз миён хоҳанд рафт ва ҷои онҳоро дар савдо, саноат ва дар зироат назоратчиён ва хизматгорони кироя хоҳанд гирифт.
Дар чунин мамлакатҳо, монанди Франция, ки дар он ҷо деҳқонон аз нисф хеле зиёдтари тамоми ахолиро ташкил медиҳанд, пайдо шудани чунин нависандагоне табиӣ буд, ки онҳо ба муқобили буржуазия ба пролетариат тарафдорӣ карда, дар вақти сохти буржуазиро танқид карданашон дар ҳаққи сохти мазкур ченаки майдабуржуазӣ ва майдадеҳқониро ба кор мебурданд ва манфиати коргаронро аз нуқтаи назари майдабуржуазӣ ҳимоя мекарданд. Социализми майдабуржуазӣ ҳамин тавр ба амал омад. Сисмонди на фақат дар Франция, балки дар Англия ҳам сарвари ҳамин гуна адабиёт мебошад.
Ин социализм зиддиятҳоро дар муносибатҳои истеҳсолии ҳозира ба хубӣ пай мебурд. Вай ҳамду санои риёкоронаи иқтисодчиёнро фош кард. Вай таъсири харобиовари истеҳсолоти мошинӣ ва тақсимоти меҳнатро, концентрацияи капиталҳо ва заминдорӣ, барзиёд истеҳсолкунӣ, кризисҳо, ҳалокати ногузири буржуаҳои майда ва деҳқонони майда, гадоии пролетариат, анархияи истеҳсолот, нобаробарии аз ҳад берунеро дар тақсимоти сарват, ҷанги харобиовари саноатии байни миллатҳо, хароб шудани ахлоқи кӯҳна, муносибатҳои кӯҳнаи оилавӣ ва миллатҳои кӯҳнаро ба таври радношуданӣ исбот кард.
Аммо ин социализм аз ҷиҳати мазмуни мусбати худ мехоҳад, ки ё воситаҳои кӯҳнаи истеҳсолот ва мубодила ва дар баробари онҳо муносибатҳои кӯҳнаи моликият ва ҷамъияти кӯҳнаро аз нав барқарор кунад, ё воситаҳои ҳозираи истеҳсолот ва мубодиларо зӯран боз ба доираи муносибатҳои кӯҳнаи моликият, ба доираи муносибатҳое, ки онҳоро воситаҳои ҳозираи истеҳсолот ва мубодила аллакай хароб кардаанд ва онҳо ҳатман бояд хароб карда мешуданд, дарорад. Дар ҳар ду маврид вай дар як вақт ҳам реакционӣ мебошад ва ҳам утопиявӣ.
Ташкили цехии саноат ва хоҷагии патриархалии кишлоқ — ҳамин аст комьёбии навтариии вай.
Ин равия дар тараққиёти минбаъдаи худ ба ғур-ғуркунии буздилона мубаддал шуд.
с) Социализми немисӣ ва е «ҳақиқӣ»
Адабиёти социалистӣ ва коммунистии Франция, ки дар зери зулми буржуазияи ҳукмрон ба вуҷуд омадааст ва ифодаи адабии мубориза бар зидди ин ҳукмронӣ мебели ад, ба Германия дар чунин вақте кӯчонда шуд, ки буржуазия дар ин ҷо муборизаи худро ба муқобили мутлақияти феодалӣ навакак сар карда буд.
Файласуфҳо, нимфайласуфҳо ва дӯстдорони ҷумлапардозӣ дар Германия бо ҳарисӣ ба ин адабиёт часпиданд, вале онро фаромӯш карда буданд, ки дар баробари аз Франция ба Германия кӯчонда шудани ин асархо шароити зиндагии Франция ҳам дар як вақт ба ин ҷо кӯчонда нашуда буд. Дар шароити Германия адабиёти французӣ тамоми аҳамияти бевоситаи амалии худро гум кард ва ба худ шакли ҷараёни соф адабӣ гирифт. Вай мебоист хусусиятп гапфурӯшии хушку холие дар бораи амалӣ гардондани моҳияти инсонӣ пайдо мекард. Ба ҳамин тариқ, талабҳои революцияи якуми Франция барои файласуфҳои немиси асри ⅩⅧ фақат чун талаби умуман «ақли амалӣ» маъно доштанд ва зуҳуроти иродаи буржуазияи революционии Франция дар назари онҳо ахамияти конунҳои иродаи софро дошт, иродаи ҳақиқатан инсониро, ончунон ки бояд бошад.
Тамоми кори адибони немис танҳо иборат аз ин буд, ки идеяҳои нави французиро бо виҷдони кӯҳнаи фалсафии худ созиш кунонанд, ё, дурусттараш, иборат аз ин буд, ки идеяҳои французиро аз нуқтаи назари фалсафии худ ёд гиранд.
Ин ёдгирӣ айнан тавре ки умуман забони бегонаро ёд мегиранд, яъне бо роҳи тарҷума рӯй дод.
Маълум аст, ки дар дастнависҳое, ки асарҳои классикии даврони қадими бутпарастӣ навишта шуда буданд, монахҳо дар болои матни аслӣ қиссаҳои ночаспони авлиёҳои католикиро менавиштанд. Адибони немис бо адабиёти нопорсоёнаи француз тамоман баръакс рафтор кардаанд. Онҳо дар зери асли нусхаи французӣ сафсатаи фалсафии худро ҷо карданд. Масалан, дар зери танқиди французии муносибатҳои пулӣ онҳо «бегонакунии моҳияти инсонӣ» – ро, дар зери танқиди французии давлати буржуазӣ «барҳамдиҳии ҳукмронии Абстрактӣ — Умумӣ»-ро ҷо кардаанд ва ҳоказо.
Онҳо ба ҷои баёни назарияҳои французӣ ба кор бурдани ҷумлапардозии фалсафии худро «фалсафаи амал», «социализми ҳақиқӣ», «илми немисии социализм», «асосноккунии фалсафаи социализм» ва ҳоказо номида буданд.
Ба ҳамин тариқ, адабиёти социалистӣ-коммунистии французӣ тамоман пуч карда шуда буд. Ва азбаски вай дар дасти немис дигар муборизаи як синфро бар зидди синфи дигар ифода намекардагӣ шуда буд, аз ҳамин рӯ, немис мӯътақид буд, ки аз дараҷаи «яктарафагии французӣ» болотар баромадааст, вай ба ҷои талаботи ҳақиқӣ талабот ба ҳақиқатро ва ба ҷои манфиатҳои пролетариат — манфиатҳои моҳияти инсонӣ, манфиатҳои умуман инсонро муҳофизат мекунад, ҳамон инсонро, ки ба ҳеҷ кадом синф таалуқ надорад ва умуман на дар ҳаёт, балки дар афлоки ғуборолуди фантазияи фалсафӣ вуҷуд дорад.
Ин социализми немисӣ, ки машқҳои оҷизонаи навшогардии худро ин қадар ҷиддӣ ва муҳим дониста ва дар бораи онҳо бо ин қадар ҳаёҳу ҷор мезад, кам-кам исмати педантии худро аз даст дод.
Муборизаи буржуазияи немис, махсусан буржуазияи пруссӣ бар зидди феодалҳо ва монархияи мутлақ — хулоса ҳаракати либералӣ — торафт ҷиддитар мешуд.
Ба ҳамин тариқ, барои социализми «ҳақиқӣ» фурсати матлуб ба даст омад, ки ба ҳаракати сиёсӣ талабҳои социалистиро муқобил гузорад, дар ҳаққи либерализм, давлати ваколатдор, рақобати буржуазӣ, озодии буржуазии матбуот, ҳуқуқи буржуазӣ, озодии буржуазӣ ва баробарӣ лаънати анъанавӣ бихонад ва ба оммаи халқ ваъз гӯяд, ки аз ин ҳаракати буржуазӣ халқ чизе бурд карда наметавонад, балки, баръакс, хатари он ҳаст, ки ҳама чизро бой диҳад. Социализми немисӣ ниҳоят бамаврид фаромӯш мекард, ки танқиди французӣ, ки социализми немисӣ акси садои ночизонаи он буд, ҷамъияти ҳозираи буржуазиеро бо шароити моддии ба он мувофиқи зиндагӣ ва конституцияи мувофиқи сиесӣ дар назар дошт, яъне маҳз он заминаҳоеро дар назар дошт, ки дар бораи ба даст даровардани онҳо дар Германия фақат акнун сухан мерафт.
Социализми немисӣ ба ҳукуматҳои мутлақи немис, ки дар ихтиёри худ иборат аз попҳо, муаллимони мактаб, юнкерҳо ва бюрократҳои рӯҳан ақибмонда тӯдаи надимоне доштанд, чун хӯса ба муқобили буржуазия, ки ба таври ваҳмангез ҳуҷум меовард, бамаврид хизмат мекард.
Вай ба талхии тозиёна ва тирҳои милтиқ, ки ҳамин ҳукуматҳо шӯришҳои коргарони немисро бо ёрии онҳо паҳш мекарданд, иловаи ширин кардашудае буд.
Агар социализми «ҳақиқӣ» ба ҳамин тариқ дар дасти ҳукуматҳо олати зидди буржуазияи немис шуда бошад, пас вай бевосита ифодаи манфиатҳои реакционӣ, манфиатҳои мещанҳои немис ҳам буд. Дар Германия асоси ҳақиқии ҷамъиятии тартиботи мавҷударо буржуазияи майда ташкил медиҳад, ки он аз асри ⅩⅥ мерос монда ва аз он замон ин ҷониб дар ин ё он шакл аз наш пайдо мешавад.
Нигоҳ дошта шудани ин буржуазияи майда баробар ба нигоҳ доштани тартиботест, ки дар Германия вуҷуд дорад. Вай аз ҳукмронни саноатӣ ва сиёсии буржуазия, аз як тараф, ба сабаби концентрацияи капитал ва, аз тарафи дигар,— ба сабаби афзоиши пролетариати революционӣ бо тарсу ҳарос ҳалокати яқини худро нигарон аст. Ба назари вай чунин менамуд, ки социализми «ҳақиқӣ» ба як тир ду нишонро мезанад. Бинобар ин социализми «хақиқӣ» мисли мараз паҳн мешуд.
Ин пардаи мистикӣ, ки аз тори хаёлот бофта шуда, бо гулҳои аҷибу ғариби ҳусни фаcоҳат гулдӯзӣ шуда ва пур аз оби ашки нармдилии шириннамо шудааст, пардае, ки социалистони немис якчанд «ҳақиқати абадӣ»-и лоғари худро бо он рӯпӯш мекарданд, бозори фурӯши матоъашонро дар байни ин мардум фақат тез мекард.
Социализми немис, аз тарафи худ, вазифаи иамояндаи тумтароки ин табақаи мещанинҳо будани худро торафт бештар мефаҳмид.
Вай миллати немисро миллати намунавӣ ва мещанини немисро намунаи одамизод эълон кард. Вай ба ҳар пастии мещанини немис маънои ниҳонии олии социалистӣ медод, маъное ки он пастиро ба як чизи тамоман баръаксаш мубаддал мекард. Вай, ки то охир собитқадам буд, ошкоро ба равияи «дағали харобиовар»-и коммунизм муқобил баромад ва эълон намуд, ки вай дар беғаразии пуршукӯҳи худ аз ҳама гуна муборизаи синфӣ болотар аст. Ба истиснои хеле каме ҳамаи он чи ки дар Германия ба сифати асарҳои гӯё социалистӣ ва коммунистӣ дида мешаванд, ба ҳамин адабиёти мурдори вайронкунанда тааллуқ доранд.
2. Социализми консервативӣ ва е буржуазӣ
Қисми муайяни буржуазия мехоҳад иллатҳои ҷамъиятиро шифо диҳад, барои он ки вуҷуди ҷамъияти буржуазаро мустаҳкам намояд.
Ба он ҷумла иқтисодчиҳо, башардӯстон, тарафдорони инсонпарварӣ, ғамхорони беҳбудии синфҳои меҳнаткаш, ташкилкунандагони хайрия, аъзоёни ҷамъиятҳои ҳимояти ҳайвонот, таъсискунандагони ҷамъиятҳои пархез аз шароб, ислоҳотчиёни муфлиси хеле гуногун дохил хастанд. Ин социализми буржуазӣ ҳатто ба шакли системаҳои том дарбварда мешуд.
Ба сифати мисол «Фалсафаи қашшоқӣ»-и Прудонро меоварем.
Буржуаҳои социалист мехоҳанд шароити мавҷудияти ҷамъияти ҳозираро нигоҳ доранд, вале бе мубориза ва бе хавфу хатарҳое, ки ҳатман аз ин шароит сар мезананд. Онҳо мехоҳанд ҷамъияти ҳозираро нигоҳ доранд, вале бе он унсурҳое, ки ҷамъиятро революнионӣ мекунанд ва вайрон менамоянд. Онҳо будани буржуазияро мехоҳанд, вале бе пролетариат. Оламе, ки буржуазия дар он ҳукм меронад, албатта ба назари вай беҳтарини оламҳо менамояд. Социализми буржуазӣ ин тасаввуроти тасаллобахшро ба шакли системаи каму беш комил медарорад. Вай пролетариатро ба иҷро кардани системааш ва ба дохил шудан ба Байтулмуқаддаси нав даъват карда, моҳиятан фақат ҳаминро талаб дорад, ки пролетариат дар ҷамъияти ҳозира бимонад, вале тасаввуроти худро дар бораи як чизи манфур будани он ҷамъият аз худ дур намояд.
Шакли дигари ин социализм, ки чандон ба система дароварда нашуда бошад ҳам, вале амалитар мебошад кӯшиш мекард ба синфи коргар талқин кунад, ки нисбат ба ҳама гуна ҳаракати революционӣ назари манфӣ дошта бошад ва исбот карданӣ мешуд, ки барои синфи коргар на ин ё он дигаргунсозии сиёсӣ, балки фақат тағьир додани шароити моддии зиндагӣ, муносибатҳои иқтисодӣ фоиданок хоҳад шуд. Вале ин социализм тағьир додани шароити моддии зиндагӣ гуфта ҳаргиз на ин ки нест кардани муносибатҳои истеҳсолии буржуазиро, ки ин корро фақат бо роҳи революционӣ ба амал овардан мумкин аст, балки беҳтаркуниҳои маъмуриро мефаҳмад, ки дар заминаи ин муносибатҳои истеҳсолӣ ба амал оварда мешаванд ва, аз ҳамин рӯ, дар муносибати байни капитал ва меҳнати кироя чизеро тағьир намедиҳанд, дар беҳтарин ҳолат—барои буржуазия хароҷоти ҳукмрониашро камтар кунонда ва хоҷагии давлатии онро соддатар менамоянд.
Социализми буржуазӣ муносибтарин ифодаи худро фақат вақте пайдо мекунад, ки ба ибораи оддии нотиқӣ мубаддал гардад.
Савдои озод! ба манфиати синфи коргар; боҷҳои ҳимоякунанда! ба манфиати синфи коргар; ҳуҷрачаҳои яккасии зиндон! ба манфиати синфи коргар — ана ҳамин аст сухани охирини социализми буржуазӣ, ягона сухане, ки ба тарзи ҷиддӣ гуфта шудааст.
Социализми буржуазия айнан иборат аз чунин даъвоест, ки буржуаҳо буржуаҳо мебошанд,— ба манфиати синфи коргар.
3. Социализм ва коммунизми танқидӣ-утопиявӣ
Мо дар ин ҷо дар бораи адабиёте гап намезанем, ки дар ҳамаи революцияҳои бузурги замони нав талабҳои пролетариатро ифода мекард (асарҳои Бабёф ва ҳоказо).
Аввалин кӯшишҳои пролетариат дар роҳи бевосита ба амал баровардани манфиатҳои синфи худ дар вақти ошӯби умумӣ, дар давраи сарнагун кардани ҷамъияти феодалӣ ба сабаби ҳанӯз пухта набудани худи пролетариат, инчунин ба сабаби мавҷуд набудани шароити моддии озод кардани он ҳатман шикаст мехӯрданд, чунки ин шароити моддӣ фақат маҳсули давраи буржуазӣ мебошад. Адабиёти революционӣ, ки ба ин ҳаракатҳои аввалини пролетариат ҳамроҳӣ мекард, мазмунан ногузир реакционӣ зет. Он адабиёт гӯшанишинии умумӣ ва баробарии дағалро ваъз мекунад.
Системаҳои аслии социалистӣ ва коммунистӣ, системаҳои Сен-Симон, Фурье, Оуэн ва ҳоказо дар давраи якуми ривоҷнаёфтаи муборизаи байни пролетариат ва буржуазия ба вуҷуд меоянд, дар даврае, ки мо дар боло тасвир кардем (нигоҳ кунед ба «Буржуазия ва пролетариат»).
Дуруст аст, ихтироъкунандагони ин системаҳо тазоди синфҳо ва ҳамчунин таъсяри унсурҳои харобкунандаро дар дохили худи ҷамъияти ҳукмрон мебинанд. Аммо инҳо дар тарафи пролетариат ҳеҷ гуна худфаъолии таърихӣ, ҳеҷ гуна ҳаракати сиёсии ба он хосро намебинанд.
Азбаски антагонизми синфӣ якҷоя бо саноат тараққӣ мекунад, аз ҳамин рӯ, онҳо айнан мисли ҳамин ҳанӯз шароити моддии озод кардани пролетариатро ёфта наметавонанд ва чунин илми иҷтимоӣ, чунин қонунҳои иҷтимоӣ меҷӯянд, ки ин шароитро ба вуҷуд оваранд.
Ҷои амалиёти ҷамъиятиро бояд амалиёти ихтироъкоронаи худи онҳо, ҷои шароити таърихии озодкуниро шароити хаёлӣ, ҷои дар синф муташаккилшавии пролетариатро, ки тадриҷан пеш рафта истодааст, муташаккил шудани ҷамъият мувофиқи дастури бофтабаровардаи онҳо бигирад. Таърихи ояндаи тамоми ҷаҳон барои онҳо аз пропаганда кардан ва амалан табиқ намудани планҳои ҷамъиятии онҳо иборат мешавад.
Дуруст аст, онҳо мефаҳманд, ки дар ин планҳои худ асосан манфиатҳои синфи коргарро — синфи аз ҳама зиёдтар азияткашандаро муҳофиза мекунанд. Пролетариат ҳам барои онҳо фақат ба сифати ҳамин синфи аз ҳама зиёдтар азияткашанда мавҷуд аст.
Аммо шакли ривоҷнаёфтаи муборизаи синфӣ, инчунин мавқеи худи онҳо дар зиндагӣ боиси он мешавад, ки онҳо чунин мепиндоранд, ки аз ин антагонизми синфӣ дар пояи баландтар истодаанд. Онҳо аҳволи ҳамаи аъзоёни ҷамъият, ҳатто аъзоенеро ҳам, ки дар нағзтарин шароитанд, беҳтар кардан мехоҳанд. Бинобар ин онҳо доим бе ҳеҷ тафовуте ба тамоми ҷамъият ва ҳатто аксаран ба синфи ҳукмрон рӯ меоваранд. Ба ақидаи онҳо системаи онҳоро фақат фаҳмидан кифоя аст, ки кас онро беҳтарин плани беҳтарин ҷамъияте аз ҷамъиятҳои имконпазир донад.
Бинобар ин онҳо ҳама гуна амалиёти сиесӣ, хусусан ҳама гуна амалиёти революциониро рад мекунанд; онҳо бо роҳи осоишта ба мақсади худ расидан мехоҳанд ва ба воситаи таҷрибаҳои майда ва, албатта, барорнагиранда, бо қувваи ибрат ба инҷили нави ҷамъиятӣ роҳ кушоданӣ мешаванд.
Ин тасвири хаёлии ҷамъияти оянда дар чунин вақте пайдо мешавад, ки пролетариат ҳанӯз дар ҳолате мебошад, ки хеле кам инкишоф ёфтааст ва, аз ҳамин рӯ, вазъияти худро ҳанӯз ба таври хаёлӣ тасаввур мекунад, ин тасаввурот аз аввалин майли пур аз ҳисси пешакии пролетариат ба сӯи тамоман дигаргун сохтани ҷамъият сар мезанад.
Аммо дар ин асарҳои социалистӣ ва коммунистӣ унсурҳои танқидӣ ҳам ҳастанд. Ин асарҳо ба тамоми асосҳои ҷамъияти мавҷуда ҳуҷум меоваранд. Бинобар ин онҳо барои равшан кардани фикри коргарон материали ниҳоятдараҷа пурқимате додаанд. Хулосаҳои мусбати онҳо дар бораи ҷамъияти оянда, масалан, дар бораи нест кардани тазоди байни шаҳр ва қишлоқ, барҳам хӯрдани оила, нест кардани фоидаҷӯии хусусӣ, меҳнати кироя, эълон кардани мувофиқати ҷамъиятӣ, табдил ёфтани давлат ба идоракунии оддии истеҳсолот — ҳамаи ин фикрҳо фақат зарурати бартараф намудани зиддияти синфиро ифода мекунанд, ки он нав ба ривоҷ ёфтан сар мекард ва ба онҳо фақат дар шакли ибтидоии номуайяни бешаклаш маълум буд. Аз ҳамин сабаб ин фикрҳо ҳам ҳанӯз хусусияти тамоман хаёлӣ доранд.
Аҳамияти социализм ва коммунизми танқидӣ-утопиявӣ ба тараққиёти таърихӣ нисбати акс дорад. Ба андозае ки муборизаи синфҳо инкишоф меёбад ва ба худ шакли торафт муайянтар мегирад, ин майли фантастикии аз муборизаи синфҳо баландтар истодан, ин гуна бо роҳи фантастикӣ бартараф намудани он мубориза низ ба ҳамон андоза аз ҳама гуна маънои амалӣ ва аз ҳама гуна асоси назариявӣ маҳрум мешавад. Бинобар ин таъсискунандагони ин системаҳо дар бисьёр бобатҳо революционӣ бошанд ҳам, шогирдони онҳо ҳамеша сектаҳои реакционӣ ташкил медиҳанд. Онҳо ба тараққиети минбаъдаи таърихии пролетариат нигоҳ накарда, ба ақидаҳои кӯҳнаи муаллимони худ маҳкам часпида гирифтаанд. Бинобар ин онҳо хеле боҷиддият кӯшиш мекунанд, ки боз муборизаи синфиро кундтар кунанд ва тазодҳоро оштӣ диҳанд. Онҳо ҳанӯз ҳам дар бораи бо роҳи таҷрида ба амал баровардани утопияҳои ҷамъиятии худ, дар бораи таъсис кардани фаланстерҳои ҷудогона, дар бораи таъсис намудани колонияҳои дохилӣ [«Home-colonies»], дар бораи барпо кардани Икарияи майда, — нашри кисагии Байтулмуқаддаси нав — орзу мекунанд, ва онҳо барои бино кардани ҳамаи ин кӯшкҳои хаёлӣ маҷбур мешаванд, ки ба хайру эхсони дилҳо, ва ҳамьёнҳои буржуазӣ муроҷиат кунанд. Онҳо тадриҷан ба категорияи социалистони реакционӣ ва ё консервативӣ, ки мо дар боло тасвирашонро кардем, паст мефуроянд ва аз онҳо фақат бо педантизми мунтазамтар ва бо ихлоси мутаассибонаи худ ба қувваи мӯъҷизакоронаи илми иҷтимоиашон фарқ мекунанд.
Ана аз ҳамин сабаб аст, ки онҳо ба ҳама гуна ҳаракати сиёсии коргарон сахт муқобил мебароянд, ки ин ҳаракат, ба фикри онҳо, аз сабаби ба инҷили нав кӯр-кӯрона ихлосманд набуданашон ба амал меояд.
Оуенчиён дар Англия ба чартистҳо, фурьечиён дар Франция ба ислоҳотчиён муқобил мебароянд.
Ⅳ. Муносибати коммунистон ба партияҳои гуногуни оппозиционӣ
Паз он чи ки дар фасли Ⅱ гуфта шуд, муносибати коммунистон ба партияҳои коргарие, ки ба вуҷуд омадаанд, яъне муносибати онҳо ба чартистҳо дар Англия ва ба тарафдорони ислоҳоти аграрӣ дар Америкаи Шимолӣ мафҳум мебошад.
Коммунистҳо барои наздиктарин мақсадҳо ва манфиатҳои синфи коргар мубориза мебаранд, вале дар айни замон дар ҳаракати имрӯза онҳо ояндаи ин ҳаракатро ҳам муҳофиза мекунанд. Дар Франция коммунистон дар мубориза ба муқобили буржуазияи консервативӣ ва радикалӣ ба партияи социалистӣ-демократӣ ҳамроҳ мешаванд, вале бо ин ҳама аз ҳуқуқи бо назари танқид нигоҳ кардан ба ҷумлапардозӣ ва хаёлҳои хоме, ки аз анъанаҳои революционӣ сар мезананд, даст намекашанд.
Дар Швейцария онҳо ба радикалҳо тарафдорӣ мекунанд, вале ҳаминро аз назарашон дур намепартоянд, ки ин партия аз унсурҳои зидди якдигар, қисман аз социалистони демократӣ ба услуби французӣ ва қисман аз буржуаҳои радикал иборат аст.
Дар байни полякҳо коммунистон партияеро тарафдорӣ мекунанд, ки вай революцияи аграриро шарти озодии миллӣ медонад, ҳамон партияеро, ки дар соли 1846 шӯриши Краковро ба вуҷуд оварда буд.
Дар Германия, модоме ки буржуазия ба таври революционӣ амал мекунад, партияи коммунистӣ бо ҳамроҳии вай ба муқобили монархияи мутлақ, моликияти заминдории феодалӣ ва мещанинҳои реакционӣ мубориза мебарад.
Аммо вай дақиқае таваққуф накарда, дар шуури коргарон барои то мумкин аст равшантар фаҳмидани тазоди душманонаи байни буржуазия ва пролетариат малака ҳосил мекунонад, то ки коргарони немис битавонанд шароити ҷамъиятӣ ва сиёсиеро, ки ҳукмронии буржуазия бояд онро ҳамроҳи худ биоварад, дарҳол ба сифати аслиҳае ба муқобили худи буржуазия ба кор баранд, то ин ки дарҳол пас аз сарнагун шудани синфҳои реакционӣ дар Германия ба муқобили худи буржуазия мубориза сар шавад.
Коммунистҳо аз он сабаб ба Германия диққати асосӣ медиҳанд, ки вай дар арафаи революцияи буржуази мебошад, аз он сабаб, ки вай ин табаддулотро умуман дар шароити прогрессивитари маданияти Европа, бо пролетариати назар пролетарияти Англияи асри ⅩⅦ ва Францияи асри ⅩⅧ хеле инкишофёфта ба амал хоҳад овард. Аз ҳамин рӯ, революцияи буржуазии немис фақат оғози бевоситаи революцияи пролетарӣ шуда метавонад.
Хулосаи калом, коммунистҳо дар ҳама ҷо ҳама гуна ҳаракати революциониеро, ки ба муқобили сохти мавҷудаи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ равона карда шуда бошад, тарафдорӣ мекунанд.
Дар ҳамаи ҳаракатҳо коммунистон масъалаи моликиятро, хоҳ он масъала шакли каму беш мукаммале ба худ гирифта бошад ва хоҳ не, ҳамчун масъалаи асосии ҳаракат ба ҷои якум мегузоранд.
Ниҳоят, коммунистҳо дар ҳама ҷо кӯшиш мекунанд, ки партияҳои демократии ҳамаи мамлакатҳо байни худ муттаҳид бошанд ва созиш кунанд.
Коммунистҳо пинхон доштани ақидаҳо ва ниятҳои худро кори манфур медонанд. Онҳо рӯйрост изҳор мекунанд, ки мақсадҳои онҳо фақат бо роҳи зӯран сарнагун кардани тамоми сохти мавҷудаи ҷамъиятӣ ҳосил мешаванд. Бигузор синфҳои ҳукмрон аз тарси Революцияи Коммунистӣ биларзанд. Пролетарҳо дар ин революция ғайр аз занҷирҳои худ чизи дигаре аз даст намедиҳанд. Вале онҳо тамоми оламро мегиранд.
Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!